Сафир бо иттиҳоми дуздӣ дастгир шуд

Мақомоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон сафири ин кишварро дар Ӯзбекистон дар дуздии маблағҳои буҷа гумонбар медонад.

Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар Остона рӯзи 16 октябр намояндаи расмии Оҷонсии умури хадамоти давлатӣ ва мубориза бо фасодкорӣ Жанна Бастарова хабар дод.

«Сафир бо он айбдор мешавад, ки ҳуҷҷатҳои тақаллубии сохтмони бинои маъмурии сафоратро дар Ӯзбекистон имзо кардааст. Зарари расонидаи вай бештара аз 380 ҳазор доллар аст», — гуфт Бастарова.

Сафир аз сӯи мақомот боздошт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *