Сафир дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрд
Вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов бо хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилро дар Ҷопон бо бурсияҳои таълимии Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICE) шуруъ хоҳанд кард, баргузор гардид.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон, дар мулоқот ҳамчунин намояндагони JICE иштирок кардаанд.
Гуфта мешавад, ки 16 нафар хизматчиёни давлатӣ аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фарҳанг, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Байналмилалии Япония, Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ором ва Донишгоҳи Акита барои дараҷаҳои магистр ва докторӣ таҳсил хоҳанд кард.
— Зимни суҳбат сафир ба хизматчиёни давлатӣ дар таҳсил комёбӣ таманно намуда, онҳоро ба омӯзишу пажуҳиши содиқона даъват кард. Инчунин, ба ҷониби Япония барои мусоидат дар рушди захираҳои инсонӣ изҳори сипос карда шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ