Сафирборони Душанбе, ё худ чигуна эътимодномаи онҳоро Эмомалӣ Раҳмон қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз 12 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе эътимоднома қабул кард.
Дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон дар феҳрасти дипломатҳои навтаъйин, аз ҷумла сафири нави Ҷопон, Айки Тошиҳиро, сафири Корея Квон Донг Сокро ном бурдаст, менигорад— Sputnik.
Инчунин сафири Миср Назиҳ Алӣ Баҳа Аддин Аннагарӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Муҳаммад Саид Муҳаммад Алариқӣ, Салтанати Умон Иброҳим ибн Аҳмад Алмуинӣ, Давлати Исроил хонум Зеавит Бен Хиллел, Подшоҳии Белгия Анрӣ Вантигем, Ҷумҳурии Австрия Вилли Кемпел, Подшоҳии Норвегия Ҷон Микал Квистад, Руминия хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта Иван Лалан Бердутик ва Канада Алан Хемсен эътимодномаҳояшонро ба Эмомалӣ Раҳмон супориданд.
Манбаъ афзуд, ки сафирони нав ба раисҷумҳури Тоҷикистон паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хешро тақдим карданд.
Зимни истиқбол аз сафирони нав Эмомалӣ Раҳмон ҳамаашонро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон шодбош гуфтаст. Президенти Тоҷикистон кор дар мақоми сафириро пуршарафу ҳамзамон сермасъул хондааст.
Вай изҳори бовар намудааст, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ дар муносиботи кишварҳояшон бо Тоҷикистон такони тоза мебахшанд.
Раҳмон зикр кардааст, аксари кулли кишварҳое, ки муаррифии онҳо ба уҳдаи сафирони навтаъин вогузор гардидааст, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият шинохтаанд ва ҳоло дар қатори шарикони фаъоли байналмилалии Тоҷикистон қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ