Сафири Афғонистон: Ёрӣ диҳед, Толибонро ба музокирот моил кунед!

Мо аз дӯстони худ дар Маскав ва Осиёи Марказӣ хоҳиш мекунем, ки дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон нақши ҷиддитар дошта бошанд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Афғонистон дар Русия Сайид Тайиб Ҷавод дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон қайд кард, ки муколамаи сулҳомез дар ин кишвар имконпазир аст, аммо барои ин кумаки давлатҳои дигар лозим аст.
Дипломат қайд кард, ки агар роҳи ҳалли мушкилот аз тариқи зӯрӣ дар Афғонистон имконпазир мебуд, пас яке аз тарафҳо аллакай пирӯз мешуд.
Ҷавод афзуд, ки Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ)бояд ба таври ҷиддӣ, воқеъбинона, бо ниятҳои нек ва пок ба раванди гуфтушунидҳо машғул шаванд, аммо то ҳол онҳо наметавонанд ҳатто дар рӯзнома ба тавофуқ бирасанд.
Ҷолиб он аст, ки ҳукумат ва оппозисюн барои музокирот бо Толибон(дар Тоҷикистон мамнӯъ) забони муштарак пайдо карданд ва омодаанд ҳаргуна рӯзномаро баррасӣ кунанд.

«Ҳама аз мавқеи Толибон хаста шудаанд, ки мегӯянд, «мо ба гуфтушунид омодаем, аммо гуфтушунид нахоҳем кард», — илова кард Сайд Тайиб Ҷавод.

Ба гуфтаи раҳбари сафорати Афғонистон, бидуни музокироти сулҳ,
кишвар бо даври нави хунрезӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

«Аз ин рӯ, мо аз дӯстони худ дар Маскав ва Осиёи Марказӣ хоҳиш мекунем, ки дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон нақши ҷиддитар дошта бошанд ва Толибонро ба мизи гуфтушунид расонанд», — илова кард дипломат.

Музокирот бо ҳайатҳои Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ)ҳам дар Қатар ва ҳам дар Русия баргузор шуда буд, аммо, тибқи изҳороти масъулин, онҳо ҳеҷ пешрафте ба бор наоварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *