Сафири Амрико дар «Корвон»

Сафири Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як видео аз сайругашташ дар «Корвон” – бузургтарин бозори шаҳри Душанбе қисса кардааст. Элизабет Миллард дар ин видео ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунад.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар саҳифаи сафорати Амрико дар шабакаи Фейсбук як видеои якунимдақиқаиро дар бораи сайругашташ дар бозори бузургтарини Душанбе нашр карда, навиштааст, ки «Ман дар даруни «Корвон” вақтамро хеле хуб гузарондам.” («I had a great time exploring Korvon market”)

Ин видео, ки ба 25-солагии истиқрори равобити дипломатии Амрикову Тоҷикистон бахшида шудааст, аз лаҳзаи вуруди сафири Амрико ба бозори «Корвон” оғоз мешавад. Элизабет Миллард дар назди дарвозаи «Корвон” ба забони тоҷикӣ ва дасташро тибқи анъанаи мардуми тоҷик пеши бар гирифта, ба тамошобинонаш муроҷиат мекунад: «Ассалому алейкум. Ман – Элизабет Миллард. Ман сафири Амрико дар Тоҷикистонам. Имрӯз ман дар «Корвон” ҳастам.”

Дар ин видео сафири Амрико аз растаҳои мухталифи бозор гузар карда, бо чанде аз фурӯшандагон дар бораи нарху навои молҳояшон сӯҳбат мекунад.

Азбаски хонум аст, сафир Миллардро пеш аз ҳама растаи атласу тоқиву рӯймолфурӯшӣ ба худ ҷалб мекунад. Ӯ дар яке аз дӯконҳо анвои мухталифи атласу адрас ва тоқиҳои занонаро тамошо мекунад ва сипас роҳии растаи сандуқфурӯшҳо мешавад.

Дар инҷо Элизабет Миллард ба забони тоҷикӣ нархи як сандуқро мепурсад: — Чанд сомонӣ?

Фурӯшанда посухаш медиҳад, ки 500.

Вақте нархи гаҳвораро мепурсаду фурӯшанда 1000 мегӯяд, сафир бе ихтиёр уҳ гуфт. Вале маълум мешавад, ки уҳи гуфтааш на аз нарх, балки ба ороиши зебои ин гаҳвора будааст.

Сафири Амрико дар идомаи сайругашташ дар бозор саре ба пеши дегдони самбӯсапазӣ мезанад ва сипас дар кӯча лаҳзае чанд бо фурӯшандаи қурут радду бадал мекунад.

Элизабет Миллард дар ибтидои соли 2016 ба курсии сафири Амрико дар Тоҷикистон нишаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *