Сафири Амрико дар Русия истеъфо дод
Сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсман аз мақоми худ истеъфо дод. Интизор меравад, дипломати амрикоӣ то 3 октябри соли равон дар мақоми худ ифои вазифа кунад.
Ба иттилои нашрияи The Hill, Ҳантсман дар аризааш ба унвони президенти ИМА Доналд Трамп навиштааст, аз ин ки дар давраи таърихӣ ва душвори муносибатҳои дуҷониба вазифаҳои сафири ИМА дар Русияро бовар карда, бар зиммаи ӯ вогузоштанд, сарфароз аст.
Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, Ҷон Ҳантсман тасмим дорад, ба Амрико баргашта, номзадии худро ба мақоми раҳбарии иёлати Юта дар интихоботи пешорӯй пешниҳод кунад.
Ҳантсман узви Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА аст. Ӯ аз давраи Роналд Рейган дар маъмурияти Кохи сафед кор мекард. Солҳои 2005-2009 иёлати Ютаро раҳбарӣ карда, пас аз таъйин шуданаш ба ҳайси сафири ИМА дар Чин ин мақомро тарк кард. Аз соли 2017 сафири Амрико дар Русия буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ