Сафири Қирғизистон дар Душанбе нав шуд

Ҷаниш Рустенбеков сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора фармони президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков содир шудааст.

То ин дам Мирослав Ниёзов раҳбари намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Душанбе буд.Бо як қарори дигари президенти Қирғизистон, сафири ин кишвар дар Узбекистон ҳам дигар мешавад. Дар мақоми сафири нав Иброҳим Ҷунусов таъйин мешавад, ки чаҳор соли охир сафири Қирғизистон дар Туркия будааст.Дониёр Содиқов, сафири собиқи Қирғизистон дар Узбекистон моҳи марти соли 2018 раҳбарии шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистонро ба ӯҳда гирифт.Ҷаниш Рустенбеков, ки қарор аст ба Тоҷикистон биёяд, дар вазифаи сафири Қирғизистон дар Туркманистон кор кардааст. Дар бораи ин тағйирот матбуоти Қирғизистон ҳанӯз охири моҳи октябр хабар дода буд.Миёнаҳои моҳи октябр дар порлумони Қирғизистон бархе вакилон аз кори Мирослав Ниёзов танқид карда, гуфтанд, дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳодисаҳои зиёди марзӣ рух медиҳад, «вале чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон мо сафир надорем».Бархе вакилони мунаққид гуфтанд, ки мавқеи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон «бояд шадидтар бошад». Рустенбеков 69 сол дошта, солҳои мухталиф дар вазифаҳои раҳбарикунанда, аз ҷумла, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистон кор кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *