Чон Сок Син

Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон иваз шуд

Чон Сок Син

Чон Сок Син Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон таъин шуд.

Тавре ки Агентии иттилоотии Yonhap хабар медиҳад, Президенти Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл 20 август ба Чон Сок Син  эътимоднома супорид. Дар навбати худ, номбурда ин эътимодномаро  ба Президенти Тоҷикистон месупорад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе соли 2008 ва сафорати Тоҷикистон дар Сеул  соли 2015 ифтитоҳ гардиданд.

То соли 2022 дар Сафорати Корея Ҷанубӣ дар Душанбе кордори муваққатӣ роҳбарӣ мекард. Моҳи январи ҳамон сол нахустин сафири ин кишвар — Квонг Донг Сок омад, ки акнун дипломати навтаъин ӯро иваз хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *