Сафири нахустини Корея дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард

7 -уми январ муовини Вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сокро қабул кард.

Бино  ба иттилои  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

“Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва ғайра изҳор доштанд. Фарҳод Салим Сафири нави Кореяро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд”-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни  Тоҷикистон ва Корея 27 –уми апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Корея моҳи апрели 2015 ифтитоҳ ёфта, Сафорати Корея дар Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст.

Қаблан дипломатҳои Корея дар Тоҷикистон ба симати Кордор фаъолият мекарданд.

Квон Донг Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд. Зимнан, ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *