Сафири нави Ҷопон дар Тоҷикистон эътимоднома супорид
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро қабул кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон ва масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
“Исматулло Насредин сафири Ҷопонро ба муносибати таъйин ба ин вазифа табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд”-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ