Сафири нави Украина дар Душанбе кист?
Президенти Украина Владимир Зеленский раҳбари собиқи Хадамоти ҷосусии берунаи кишвараш генерал-майори 52-сола Валерий Евдокимовро сафири нави Украина дар Тоҷикистон таъйин кард.
Евдокимов дар ин мақом генерал Василий Серватюткро, ки дар рӯзҳои охири президентии Петро Порошенко фармони қатъи фаъолияташ имзо шуда буд, иваз мекунад.
Валерий Владимирович Евдокимов 17-уми ноябри соли 1969 дар шаҳри Ровно, дар шимолу ғарби Украина ба дунё омада, Донишкадаи Қӯшунҳои марзбонии Украина, Академияи миллии Хадамоти амнияти Украина ва ҳамчунин Мактаби тиҷорати Киеву Могилянро хатм кардааст.
Евдокимов солҳои зиёде дар сафи нируҳои марзбонии Украина хидмат карда, 9-уми июли соли 2019 муовини сардори Хадамоти ҷосусии берунаи Украина ва 20-уми сентябри ҳамон сол сардори ин ниҳоди махсуси амниятӣ таъйин шуд. Генерал Евдокимов Хадамоти ҷосусии берунаи Украинаро то 5-уми июни соли 2020 роҳбарӣ кард ва аз 15-уми октябри соли 2019 то 17-уми августи соли 2020 узви Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина низ буд.
Генерал Евдокимов барои саҳмаш дар ҳифзи марзҳо ва намоиши шуҷоату сатҳи баланди омодагии касбӣ соли 2017 бо ордени Даниил Галитский ва ҳам бо ҷоизаи президенти Украина “Барои иштирок дар амалиёти зиддитеррористӣ” сарфароз гардонида шудааст.
Таъйини генерал Евдокимов ба мақоми сафири Украина дар Тоҷикистон дар пасманзари ҷанги Русия бо Украина сурат мегирад, ки инак 4 моҳ боз давом дорад ва дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ҳарду тараф чандин ҳазор нафар кушта шуда, даҳҳо шаҳри Украина вайрону валангор ва қисме аз қаламрави ин кишвар аз сӯи Русия ишғол шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ то кунун дар робита ба ҷанги Русия ва Украина изҳори назар накардаанд ва ин ҷангро баҳогузорӣ намекунанд. Нозирони умур инро ба вобастагии ҷиддии Душанбе аз Русия ва ҳам ба омили ҳузури беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар бозори кори Русия бастагӣ медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ