Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ: Кишвари мо барои иштирок дар чорабинии Душанбе омода аст
Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намудаанд.
— Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки 6-9-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, табодули афкор намуданд. Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ омодагии кишварашро барои иштирок дар чорабинии мазкур дар сатҳи муносиб таъкид кард,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ