Сафири Русия дар Туркия кушта шуд. (Тафсилот)
Вазорати корҳои хориҷии Русия тасдиқ кард, ки сафири ин кишвар дар Туркия дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шудааст. Расонаҳои Русия аз қавли Мария Захарова, сухангӯи ин ниҳод навиштанд, Андрей Карлов пас аз чанд лаҳзаи тирандозӣ даргузашт.
Мария Захарова ҳодисаи куштори сафирро «як ҳодисаи террористӣ» ва як «рӯзи фоҷеабор дар таърихи дипломатияи Русия» номид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кушторро ба шиддат маҳкум кард.
Ба гуфтаи хабаргузории Reuters шахси ҳамлагар, ки бо шиори «Ҳалабро фаромуш накунед» ба сӯи сафири Русия тир кушод, ходими пулиси Анкара буд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин кушторро ба ӯҳда нагирифтааст. Полиси Туркия кофтукоби манзили шахси ҳамлагарро шурӯъ кардаст.
Аз ин пеш вебсайти рӯзномаи англисизабони «Ҳуррият» навишт, ки рӯзи 19 декабр ҳангоми суханронии Андрей Карлов дар осорхонае дар Анкара ба самти ӯ тир андохтанд ва се нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории ТАСС гуфт, сафир, дар вазъи “бисёр вазнин” ба шифохона интиқол ёфт ва дар он ҷо ҷон дод.
Матбуоти интернетии туркӣ шаҳодати онро ёфтааст, ки воқеан ҳам ҳамлагар як ходими полис буд. Исми ӯро Мавлуд Мард Олтинтош, соли таваллудаш 1994 меноманд, ки собиқаи корӣ дар полиси Измир ва Анкараро доштааст. Мегӯянд, ба ҳангоми ҳамла амнияти бинои осорхонаро танҳо полиси Туркия таъмин мекард ва сафири рус бидуни муҳофизонаш ба ин ҷо омада буд.
Хабаргузории русии ТАСС гуфт, ки зимни суханронии Андрей Карлов дар намоишгоҳи аксҳои «Русия аз назари туркҳо» дар Осорхонаи санъати муосир, як нафар ба тирандозӣ шурӯъ кард.
Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш, ҳамла ба сафирро маҳкум мекунад. Хабаргузории «Анадолу» гуфт, ки ҳамлаварро нерӯҳои амниятӣ «нобуд» кардаанд, вале ҷузъиёте надод. CNN Турк як аксеро намоиш дод, ки дар толори осорхона як нафари олуда ба хун рӯи фарш афтодааст.
РИА Новости, хабаргузории давлатии Русия видеоеро аз шабакаи Ютюб нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, як ҷавон аз пушт ба Андрей Карлов тир меандозад ва ангушташ ба сӯи боло бо забони туркӣ гап мезанад ва сипас чанд тири дигар ба самти муқобил холӣ мекунад. Сафир баъди тирандозӣ рӯи фарш беҳаракат меафтад.
Аксбардори Ассошиейтед Пресс, ки дар осорхона будааст, мегӯяд, фарди ҳамлавар либоси расмӣ ва гарданбанд дошт ва ҳангоми андохтани дасти кам 8 тир «Аллоҳу Акбар» нидо мекард. Сухангӯи ҳукумати Русия гуфт, ки раиси ҷумҳур Владимир Путинро аз ҳодиса огаҳ кардаанд.
Русия аз шарикони наздики президент Башор Асад аст ва ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар берун кардани шӯришгарон аз Ҳалаб нақши калидй доранд.
Телевизиони «Россия 24» гуфт, Карлов соли 1954 тавашшуд шуда як дипломати собиқадор буд. Ӯ аз соли 1976-ум дар вазорати хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Раҳбарии сафорати Русия дар Анкараро соли 2013 ба ӯҳда гирифт.
Ин куштор рӯзе пеш аз мулоқоти вазирони хориҷаи Русия, Туркия ва Эрон дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ки мавзӯи аслиаш баррасии вазъи Сурия будааст. Аз сентябри соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти ҳарбии ҳавоиро ба пуштибонӣ аз режими президент Башор Асад бар зидди шӯришиёни мухолифи ӯ шурӯъ кардааст. Эрон, ки аз муттафиқони Русия мебошад, ҳамчунин як пуштибони Асад аст ва Туркия баръакс, аз душманони Асад пуштибонӣ мекунад.
Робитаҳои сиёсии миёни Маскав ва Анкара дар ин охирҳо наздиктар шуд ва Русия гуфт, ки хостори тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ бо Туркия мебошад. Вале айни замон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурияро «шубҳаангез» номидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ