Ифтитоҳи мактаби замонавӣ дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ

Дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди таълимӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, намояндаи Ҳукумати мамлакат Раҳим Санъат Асо, раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намудаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон моҳи марти соли 2022 оғоз ёфтааст.
Мактаби навбунёд барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад.
Тавре Pressa.tj иттилоъ ёфт, дар деҳаи номбурда то кунун барои таълиму табрияи хонандагон шароиту имконоти мусоид фароҳам набуд. Дар бунёди ин мактаби замонавӣ Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо аҳли пайвандонаш саҳми намоён доранд. Зеро номбурда зодаи ҳамин деҳа мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *