Сафири Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯён мулоқот кард

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии кишвари иқомат ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Москва, роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии табрикотӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши бузурги забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорӣ, пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намудааст. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, зикр карда шудааст.

Ҳамчунин, роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба донишҷӯён маслиҳат додааст, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *