Сафири Тоҷикистон аз “Ҳайдар Алиев”- дидан кард

25 сентябри соли 2017, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ аз Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи “Ҳайдар Алиев”-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дидан намуд, ки зимни он бо Роҳбари он Физули Салахов мулоқот анҷом намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо раванди хониш, таълиму тарбия ва шароити буду бош, инчунин муваффақияти донишҷӯёни тоҷик, ки дар  Омӯзишгоҳи мазкур ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, мавриди баррасӣқарор доданд.

Дар рафти мулоқот, Сафир аз ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои сиёси, иқтисодӣ, низомӣ, фарҳангу маориф,  ва дигар соҳаҳо миёни ҳарду кишвари дӯстро муфид арзёбӣ намуда, дар сатҳи густарда қарор доштани онҳо, мавҷудияти заминаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар амал тадбиқ намудани муқаррароти Созишномаи байни Вазоратҳои дифои ҳарду ҷониб, хониш ва таҷриба андӯхтани донишҷӯёни тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ҳошияи мулоқот, дидорбинӣ бо курсантони тоҷик доир гардид, ки зимни он, масъалаҳои вобаста ба низоми таҳсил, таълимот, азбаркунии фанҳо, интизом, шароити маишӣ, мушкилотҳо ва дигар масоили мубрам бо толибилмон муҳокима гардид.

Сафир дар иртибот ба эълон гардидани соли ҷавонон ва иқдомҳои пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода  ба донишҷӯён маълумоти муфассаал пешниҳод намуда, дар зимн донишҷӯёнро ба садоқату ватандӯстӣ, дурӣ ҷустан аз ҳадафҳои номатлубе чун қавмгароиву миллатбадбинӣ ва ситезаҷӯиҳо, риояи одобу эҳтироми расмиёти миллӣ кишвари иқомат, даъват ба амал овард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *