Сафири Тоҷикистон ба Такео Акиба эътимоднома супорид

19 ноябри соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф Асомуддинович нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Япония Такео Акиба супорид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония (3-5 октябри соли 2018) табодули назар намуданд.

Такео Акиба Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *