Сафири Украина Тоҷикистонро тарк мекунад
Маъмурияти дипломатии Сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ба анҷом расидааст.
Ба ин муносибат вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Украинаро баррасӣ карданд. Сироыиддин Муҳриддин ба Василий Серватюк барои саҳми босазо дар таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ муваффақият орзу намуд»-изҳор дошт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Василий Серватюк эътимодномаи худро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 супорида буд.
Серватюк Василий Николаевич 12 марти соли 1957 дар деҳаи Украинкаи вилояти Кировоград таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи олии ҳарбии сарҳадии ба номи К. Ворошилов (1978) ва Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе (1987)-ро хатм кардааст.
Аз соли 1978 то соли 1992 дар Закавказ ва Осиёи Миёна хизмат кардааст. Ӯ рутбаи генерал-лейтенант дорад. Инчунин, доктори илмҳои ҳарбӣ оид ба ихтисоси «Ҳимояи сарҳади давлатӣ», профессор мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ