Сафирро аз мансабаш барканор карданд
Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков , аз мақоми худ барканор карда шуд. Дар ин бора рӯзи 2-юми феврал фармони раиси ҷумҳурии Қирғизистон нашр шуд, ки сабабаш маълум нест.
Рустенбеков соли 2018 ҳамчун Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон омад. Пештар ӯ дар вазифаҳои раҳбарикунанда, аз ҷумла, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистону Туркманистон ифои вазифа кардааст.
Аз сарди қудрат дур шудани ӯ дар замоне сурат мегирад, ки муносибати Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан як соли охир рӯба сардӣ овардааст.
Моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт.
Имсол шаби 27-уми январ ҳам дар сарҳад ҷанҷоле сар зад, ки дар натиҷаи он аз ҷониби Тоҷикистон ду нафар кушта ва аз ҳарду тараф беш аз бист кас ҷароҳат бардоштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ