Сафиру вакил дурнамои рушди забони русиро баррасӣ карданд
Миёни сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва раиси кумитаи МН МО ҶТ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мулоқот сурат гирифтааст.
Ҷонибҳо дурнамои рушди забони русӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои башардӯстонаро баррасӣ кардаанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 4-уми апрел дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
«Дар мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи башардӯстона, таблиғи забони русӣ, рушди маориф ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд»,- омадааст дар хабар.
Бино ба иттилои манбаъ, мусоҳибон муносибатҳои дӯстонаи деринаи Русия ва Тоҷикистонро, ки дар он робитаҳои байнипарлумонӣ ҷойгоҳи хоса доранд, қайд кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ