Сафорат аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон хабардор будааст
— Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Федератсияи Россия бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд,- навиштааст ин ниҳод дар саҳифаи телеграммии худ.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 3 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардидаанд.
— Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кумакҳои зарурӣ мерасонад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ