Сафорати Амрико: Аз 18 то 22 октябр аз нав барои дарёфти Green Сard ариза диҳед
Сафорати Амрико хабар дод, ки ба сабабҳои техникӣ аризаҳое, ки то 18 октябр барои дарёфти Green Сard ворид шудаанд, аз эътибор соқит дониста шуда, хоҳишмандони зиндагӣ дар Амрико бояд аз 18 то 22 октябр аз нав барои дарёфти Green Сard ариза диҳанд.
Сафорати Амрико бо нашри як иттилоия хабар дод, ки сабабҳои техникӣ боиси ба қафо партофтани замони ироаи аризаҳо барои дарёфти Green Сard ё ҳаққи зиндагии доимӣ дар Ийолоти Муттаҳида шудааст. Бар асоси ин иттилоия, онҳое ки то 18 октябр ариза додаанд, бояд аз нав барои Green Сard ариза нависанд.
18-уми ОКТЯБР то 22-юми НОЯБР!!!
Дустон, бо сабабҳои техникӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 (ё ГРИН КАРТА) ба санаҳои дигар гузаронида мешавад ва маълумоте, ки то 18-уми октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Шумо бояд аз нав аризаро пур кунед!!! Муҳлати нави бақайдгирии раводиди DV-2019 аз 18-уми октябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, оғоз ёфта, то нисфирузии 22-юми ноябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, анҷом меёбад.
Лутфан дар сомонаи https://dvlottery.state.gov/ аризаро пур кунед.
Бақайдгирӣ дар барномаи DV-2019 ройгон мебошад!!! #DiversityVisa
Муваффақият ба Шумо!!!
————————
Due to technical issues, the registration period for #DV2019 is being restarted. All entries made prior to the new start date of October 18 will need to be resubmitted for consideration. We regret the inconvenience this has caused. To apply for #DiversityVisa visit this link for details: ow.ly/4Jh130fUjY3
Ҳар сол аз Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, то 500 нафар барои зиндагии доимӣ ба Амрико мекӯчанд. Ахиран оморе нашр шуд, ки бар асоси он, аз ибтидои асри 21 беш аз 5000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ҳаққи иқомат ва ҳатто шаҳрвандии Амрикоро ба даст овардаанд.
Ҳар сол Амрико ба 50 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон тавассути чунин лотерея ҳаққи иқомат медиҳад.
Рӯзи 14 октябр намояндаи консулгарии Амрико дар Душанбе бо онҳое, ки мехоҳанд барои Green Сard ариза бидиҳанд, дар Фейсбук як саволуҷавоб низ доир карда буд.
Дар сомонаи вазорати амнияти дохилии Амрико омори расмии шумори мардуме, ки дар 20 соли охир ин кишвар ҳаққи иқомати доимӣ (грин-кард) ба даст овардаанд, нашр шудааст. Бино ба ин омор, ҳар сол Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аз 1 то 1,2 миллионро ҳаққи иқомати доимӣ медиҳад.
Дар омори марбут ба солҳои 90-уми вазорати дохилии Амрико, шумори зодагони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳаққи кору иқомат дар он сӯи уқёнус шудаанд, оварда нашудааст. Вале аз соли 2000 ба ин тараф, бино ба арзёбиҳои солонаи ин ниҳоди масъули масоили амнияти дохилӣ ва кору зиндагии хориҷиён дар Амрико, беш аз 5 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби грин-карт шудаанд.
Ин омор нишон медиҳад, ки солҳои 2001-2005 теъдоди толибони кору зиндагӣ дар Амрико аз Тоҷикистон солона камтар аз 200 нафар будааст. Вале аз соли 2006 шумори чунин мардум аз 200 нафар гузашта, дигар беист рӯ ба афзоиш додааст.
Соли 2011 алакай 382 зодаи Тоҷикистон, соли 2012 – 411 нафар ва солҳои 2013-2015 мутаносибан 550, 516 ва 595 нафар аз Тоҷикистон соҳиб грин-карти Амрико шудаанд.
Аммо Тоҷикистон дар сабқати даст ёфтан ба грин-карти Амрико дар Осиёи Марказӣ аз ҳамаи ҳамсояҳояш, ба ҷуз аз Туркманистон, ки як кишвари хеле баста дониста мешавад, ақиб мемонад.
Дар се соли охир аз Туркманистон ҳамагӣ 690 нафар, аз Тоҷикистон 1661 нафар, аз Қирғизистон 2149 нафар ва аз Қазоқистон 3663 нафар тавонистаанд ба грин-карти Амрико, ки як навъ роҳхат ба оғози зиндагии комилан нав дар он сӯи уқёнус дониста мешавад, соҳиб шаванд.
Аммо «чемпион”-и мутлақ дар рақобат барои грин-картҳои амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ, бидуни ягон шак, Узбекистон эътироф шудааст. Танҳо дар тӯли се соли 2013-2015 ба 13 553 зодаи Узбекистон муяссар шудааст, ки роҳхати зиндагӣ дар Амрикоро ба даст биоранд. Ҷамъи он зодагони Узбекистон, ки аз соли 2000 ба ин тараф соҳиби грин-карти Амрико шудаанд, беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Қаблан мақомоти Русия хабар доданд, ки дар як соли охир аз шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор дархост барои кӯчидан барои зиндагии доимӣ дар Русия гирифтаанд. Ҳамин тавр, дар ду соли охир аз 3 то 4 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо дархости паноҳандагӣ кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ба кишварҳои шароити зиндагиашон беҳтар азми кӯчидан кардани зодагони ин кишварро дар шароити ҷаҳонишавӣ як амри муқаррарӣ мешуморанд. Аммо нозирони умур мегӯянд, ин раванд боиси дар Тоҷикистон коҳиш ёфтани шумори мардуми мутахассису кордону босавод ва забондон мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ