Сафорати ИМА ва Олмон муваққатан виза намедиҳанд

Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Душанбе барои чораҳои пешгирӣ аз сирояти короновирус муваққатан ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои парвоз ба ИМА виза намедиҳад. Ҳамчунин, чунин тасмимро сафорати Олмон гирифтааст.

Бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус баъзе аз сафоратхонаҳо дар Душанбе шеваи кори худро тағйир доданд ва бештар тариқи онлайн кор мекунанд.
Эрик Пагнер, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико мегӯяд, ки баъзе аз кормандони сафорат ба шеваи кори фосилавӣ фаъолият мекунанд.
«Ин барои риоя намудани масофаи иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст, ки робитаи ҳаррӯзаи кормандонро барои пешгирӣ ё паҳншавии эҳтимолии беморӣ коҳиш медиҳад. Ҳарчанд мо ҳоло дар бораи ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19 дар Тоҷикистон маълумот надорем, ҳукумати Амрико дар саросари ҷаҳон барои таъмини саломатӣ ва бехатарии кормандон чораҳо меандешад,»- мегӯяд номбурда.
Эрик Пагнер ҳамчунин гуфт, феълан додани виза ё раводиди Амрико дар Тоҷикистон қатъ шуда, маълум нест, ки кай додани оғоз хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *