Сафорати Русия: Ба пешрафти забони русӣ дар Тоҷикистон алоқамандем (Видео)

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш барои забони русӣ ва боло бурдани сатҳи он дар Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш барои забони русӣ ва боло бурдани сатҳи он дар Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Игор Лякин-Фролов рӯзи 4 октябр дар рӯзи таҷлили омӯзгорон дар сафорати Русия гуфт: “Тавсеъаи забони русӣ ба мо имкон медиҳад, ки Тоҷикистонро дар фазои бисёрҷанба бо Русия нигоҳ дорем”.

Дар ин ҳамоиш сафири Русия таъкид кард, ки айни ҳол дар доираи як лоиҳаи башардӯстона дар мактабҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 48 омӯзгор аз Русия дарс медиҳанд.

Ҳамчунин, вазоратҳои маорифи Русия ва Тоҷикистон таҳти сарпарастии Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия «Лоиҳаи озмоишии гуманитарӣ» -ро амалӣ мекунанд. Дар доираи ин барнома, дар соли 2017 29 омӯзгор аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ба гуфтаи Игор Лякин-Фролов, фаъолияти мутахассисони Кострома, Уфа, Рязан, Доғистон ва дигар минтақаҳо мусбат арзёбӣ шудааст. Ҳамзамон, дар минтақаҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд барои омӯзиши забони русӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Зимнан, дар донишгоҳҳои Русия тақрибан 28 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *