Сафорати Русия:Коронавирус кам шавад, меравед…
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия навиштааст, ки масъалаи идомаи таҳсили онҳо мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.
Аммо сафорати Русия дар посух ба ёддошти вазорат аз 27 октябр гуфтааст, ки «вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд.”
Рӯзи 9 ноябр ҳудуди 20 донишҷӯи тоҷике, ки дар дар мактабҳои олии хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, вале ба сабаби коронавирус дар Тоҷикистон дармондаанд, бо талаби кумак дар надби бинои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Онҳо аз мақомоти ВКХ хостанд, ки барои сафари онҳо ба хориҷ барои идомаи таҳсил кумак расонанд. Онҳо гуфтанд, ки барои таҳсили фосилавӣ дар Тоҷикистон ба далели суръати пасти Интернет ва қатъ шудани нирӯи барқ шароити муносиб фароҳам нест ва аз ин рӯ, онҳо мехоҳанд ба Русия бираванд.
Дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 5 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар умум 34 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ