Саге, ки дар кафи даст меғунҷад
Намояндагони китоби Гиннес расман саги зоти чихуахуаро бо лақаби Милли саги хурдтарини ҷаҳон эълон намуданд. Ин сагчаи хурдакак аз они сокини Пуэрто-Рико Ванесса Сэмлер аст. Дарозии қади Милли, яъне, аз сутунмуҳра то нӯги панҷаҳои пояш 9,65 см, буда, вазнаш тақрибан 0,5 кг будааст. Сагчаи хурдтарини ҷаҳон аз рӯйи андоза шакли гурбаро дорад ва бо осонӣ дар панҷаи дасти одам ҷой мегирад. Тавре соҳибаш гуфтааст, Сэмлер, ҳеҷ гоҳ аккос намезанад. Ин саг рӯзи дароз дар катчаи хурдакак хоб рафта, хӯроки муқаррарии одамонро мехӯрад. Милли замони таваллуд шуданаш камтар аз 30 грамм вазн дошта, дар даруни қошуқча ҷой мегирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ