Саги девона 15 касро газид

Мақомоти вилояти Самарқанди Ӯзбекистон хабар доданд, ки як саги девона 15 одам, аз ҷумла як корманди мақомоти корҳои дохилиро газидааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 28 август наворе нашр шуд, ки лаҳзаи пахш кардани сагеро аз сӯи ду мошин нишон медод. Ин навор хашми корбаронро ба бор овард.

Мақомоти вилояти Самарқанд гуфтанд, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологӣ аз ҳамлаи саги девона ба одамон хабар дод. Одамон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *