Сахтар шудани ҷазо барои ташкили фоҳишахона

Порлумони Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сахттар кард. Бино ба тағйироти нав дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, касе, ки бори дувум бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир мешавад, аз панҷ то ҳашт сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Тағйирот рӯзи 28-уми ноябр аз тарафи вакилони Маҷлиси Намояндагон қабул шуда ва баъди ризоияти Маҷлиси Миллӣ ва имзои президент ҳукми иҷро мегирад.

Дар ҳоли ҳозир моддаи 239-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “ташкили фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ” ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда (аз 50 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ) ё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 28-уми ноябр гуфт, тағйироти нав нисбат ба онҳое иҷро хоҳад шуд, ки бори дувум ваё гуруҳӣ фоҳишахона ташкил кардаанд.

“Моддаи муҷозот барои ташкили фоҳишахонаҳо танҳо аз як қисм иборат асту муҷозоташ сабуктар. Имрӯз қисми дувуми он илова шуд. Онҳое, ки такрорӣ ва муташаккилона ба чунин кор даст мезананд, ҷазои сахттар мегиранд. Чунин таҷриба дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳаст”, — афзуд ӯ.

Муборизаи мақомот бо бадахлоқӣ аз ҷумла ташкили фоҳишахонаҳо дар солҳои ахир бамаротиб сахттар шудааст. Ҳоло вуруди занону мардон бидуни шаҳодатномаи ақди никоҳ ба меҳмонхонаҳо, ҳаммомҳои ҷамъиятӣ манъ аст. Масъулини меҳмонхона ва ҳаммомҳо тарс доранд, ки мақомот онҳоро барои ташкили фоҳишахона ба ҷавобгарӣ накашанд.

Тақрибан ҳар ҳафта Вазорати умури дохилӣ аз боздошти нафаре бо иттиҳоми фоҳишагӣ ва ё ташкили фоҳишахона хабар медиҳанд. Танҳо як ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кофист, ки феҳристи хабарҳои марбут ба «ташкили фоҳишахона»-ро пайдо бикунед.

Сахтгирии мақомот дар ин кор сокинонро низ эҳтиёткор кардааст. Ҳамакнун соҳибони манзилҳое, ки барои чанд рӯз хонаашонро ба иҷора медиҳанд, аз муштарӣ хатти никоҳ мепурсанд.

Дар гузашта ​Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини Душанберо барои ташкили фоҳишахона дар манзили зисташ ду сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Додгоҳ гуфт, ин нафар дар ивази 50 ва 60 сомонӣ барои иртиботи ҷинсии шаҳрвандон дар манзилаш шароит фароҳам кардааст.

Аз ин пеш, дар соли 2014, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як занро бо ҷурми ташкили фоҳишахона 40 000 сомонӣ ҷарима баста, аммо бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *