Саидҷаъфар Усмонзода гирифтори зукоми шадид гардид
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон бемор шуда, дар манзили зисташ ба карантин нишастааст. “Ӯ чанд рӯз мешавад, ки дар ҷойи кораш нест, ҷаласаҳои парлумон бидуни ӯ мегузаранд”, гуфт як манбаъ аз парлумони кишвар.
Зимнан, Саидҷаъфар Усмонзода дар суҳбат бо хабарнигори Pressa.tj хабари бемор буданашро тасдиқ қард. “Чанд рӯз аст, ки таби баланд дорам. Сарам дард дорад. Ягон маротиба то ин дараҷа зукоми сахт нашуда будам. Ҳоло таҳти табобати табибон қарор дорам”- гуфт Усмонзода, ки овозаш хеле ноҷур буд.
Саидҷаъфар Усмонзода аз ангуштшумор вакилони парлумони Тоҷикистон аст, ки дар мавриди бархе масоили доғ садо баланд мекунад. Ӯ, аз ҷумла соли гузашта бошиддат алайҳи боло бурдани нархи Интернету суҳбатҳои телефонӣ садо баланд кард. Ҳамчунин, аз мақомот хост, ки нархи шиносномаҳоро бамаротиб поён барад. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ дар бештари масъалаҳо назари худро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳамчун коршинос баён доштааст.
Аҳли эҷоди “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ба Саидҷаъфар Усмонзода шифои комил хоҳонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ