Саидҷаъфар Усмонзода хостори карантини сартосари дар Тоҷикистон шуд
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи ба каровируси мубтало шудаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон хостори эълони карантини сартосари дар Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора “Sputnik” дар такя ба портали «Парс тудэй». Хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Усмонзода бо зери савол бурдани омори вазорати тандурустӣ дар бораи шумораи мубталоёни вируси корона дар Тоҷикистонгуфтааст, ки аз наздикони худи ӯ чанд тан ба коронавирус гирифтор шуданд.
Усмонзода таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд воқеиятро эълом намояд ва аз пинҳонкорӣ дар мавриди густариши вируси корона даст бардорад.
Саидҷаъфар Усмонзода мегуяд, ки дар ибтидо бемории вайро зуком ташхис доданд ва баъдан маълум шуд, ки бемориаш на зуком балки корона будааст.
(Дар мавриди ба бемори гирифтор шудани Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон сомонаи “Pressa.tj” ҳануз як ҳафта қабл иттило дода буд)
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамчунин хостори тағйири раёсат ва масъулони Ситоди мубориза бо вируси корона дар Тоҷикистон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ