Саид Кулӯлов бедарак шудааст
Наздикони Саид Кулӯлов, як муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар Маскав мегӯянд, ки ӯ рӯзи 20 июн аз шаҳри Одинтсово бо як шиноснома баромада, бедарак шудааст. Бори охир Саидро чеченҳо рӯзи 7 июл дар минтақаи Очаковои шаҳри Маскав дидаанд.
Наздикони Саид Кулӯлов, зодаи деҳаи Қаланаки ноҳияи Рашт мегӯянд, ки як моҳ боз дар бораи ӯ ягон дарак надоранд.
Саид Раҳимович Кулӯлов, санаи таваллудаш 15.10.1994, моҳи марти соли равон аз Тоҷикистон ба Русия омад ва то 20 июн дар як сохтмон дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав кор мекард.
Ӯ рӯзи 20 июн баъди як нофаҳмӣ бо ҳамкоронаш, дар як ҳолати эҳсосотӣ бо худ танҳо шиносномаашро гирифта, аз ҷойи кор қаҳр карда, баромада рафтааст ва инак беш аз як моҳ мешавад, ки бедарак шудааст.
Дар ин миён танҳо баъди 18 рӯзи кофтукоб бачаҳои чечен ӯро дар минтақаи шаҳри Маскав дида ва ҳатто ду акс аз Саид Кулӯлов гирифтаанд.
Каримҷон Ёров, раҳбари «ЭтМос”, яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳру вилояти Маскав гуфтааст: «Бародарони чечен аз Саид мепурсанд, ки кисту оё гум шудааст? Ӯ тасдиқ мекунад. Баъд онҳо телефонашонро ба Саид медиҳанд, ки ба наздиконаш занг бизанад. Саид ба як бародараш занг задааст, вале аз қазо ӯ ҳамон лаҳза телефонро набардоштааст. Бародарони чечен баъдан хабар додаанд, ки Саидро дар Очаково дидаанд.”
Наздикони Саид Кулӯлов ба Очаково рафта, суроғи ӯро пурсидаанд. Онҳое ки Саидро дида буданд, гуфтаанд, ки дар ҳақиқат дар Очаково буд ва пеши чанд нафар ба ҷустуҷӯи кор омада буд, вале баъд ӯ куҷо шуду куҷо рафт?, касе намедонад.
Аз ҳамаи онҳое ки Саид Кулӯловро дар ягонҷо дидаанд ваё маълумоте дар бораи ӯ доранд, хоҳиш карда мешавад, ки бо ин шумораҳо тамос бигиранд:
+ 89261686316
+ 89652156263
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ