Саидқозӣ Матаевро шаш сол зиндонӣ карданд

Саидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон шаш сол зиндонӣ шуд. Писари вай Асет Матаев, роҳбари хабаргузории ҚазТаг низ панҷ сол равонаи зиндон шуд. Ҳукми падару писар дирӯз дар додгоҳи ноҳиявии шаҳри Остона эълон гардид.

Матаевҳо дар дуздии пулҳои буҷа айбор шуданд. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки амволи онҳо мусодира шуда, падару писар якумрӣ аз ишғоли мансабҳои роҳбарӣ маҳрум шаванд.

Ҳозирин ҳангоми эълони ҳукм дар додгоҳ нидоҳои «Шармандагӣ! Шармандагӣ!» сар доданд.

— Дар мавриди ману писарам ғамгин набошед. Мо худро бегуноҳ медонистем ва ҳоло ҳам медонем. Ман ҳамеша мегуфтам, ки дигарандешӣ бояд дар Қазоқистон мавҷуд бошад. Дигарандешон набошанд — демократия ҳам нест, — гуфтааст Матаев.

Саидқозӣ ва писараш Асет моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *