Саида Синавӣ — Тирмиз — Узбекистон
Соҳибватан
Ман лутфу латифаю шакарханд,
Ман дил ба ду синаи Самарқанд.
Ман оби шифоям аз Бухоро,
Ҳар хандаю заҳрхандам аз қанд.
Аз Тирмизаму бас офтобӣ,
Аз кӯҳнадиёри ҳикмату панд.
Аз Деҳинаву зи Шаҳрисабзам,
Ман ошиқаму надонӣ то чанд.
Ман тоҷики тоҷдорам, эй дӯст,
Соҳибватанам ба ҷумла савганд.
***
Ишқро тараннум кун
Бистаре зи гул дорам дар миёни хоҳишҳо,
Хастаҷону танҳоям аз ситезу коҳишҳо.
Ҷомаҳои хобиям мавҷҳои туғёнест,
Майли оғушат дорам бо ғиреву нолишҳо.
Шоми хилвате дорам бо хаёли ту мадҳуш,
Аз лаби ту мехоҳам соғари навозишҳо.
Дар тулӯъи ишқи ту оламе дигар дорам,
Рӯҳи осиям ин ҷо ташнаи гудозишҳо.
Ман зи мадҳ безорам, лаб бубанд, эй маддоҳ,
Ишқро тараннум кун, бигзар аз ситоишҳо.
***
Шиква
Ишқи ту, эй бевафо, аъмои модарзод кард,
Ҳар чи ганҷе доштам дар зиндагӣ, бар бод кард.
Аз шабистони хаёлам равшании моҳ бурд,
Дар дилам андӯҳро чун кӯҳи ғам бунёд кард.
Шеванам пур шуд ба лаб аз дастат, эй девонахӯ,
Нолаамро най гирифту раҳ ба раҳ аз ёд кард.
Аз ду чашмам гашт ҷорӣ ҷӯйбори ашки хун,
Қисматам чун шикваро аз дастат, эй сайёд кард…
Чашми сайёди ту, эй номардмард, анҷоми кор,
Марг ҷонамро ниҳоят аз қафас озод кард.
***
Бепаноҳ
Эй осмон, таронаи боронии ту ку?
То оварад ба рақс дили ташнаи маро.
То тар шавад ба бӯсаи борон лабони ман,
То ҳар нафас ҳавову ҳавас гирадам фаро.
Ман ташнаам ба бӯсаи борони ишқи пок,
Дар рӯзҳои сӯхта аз сӯзу оҳи хеш.
Эй осмон, куҷост ягон пораабри ту,
То соябон кунам ба сари бепаноҳи хеш!
***
Эй Мард
Эй Мард, эй садоқати шеърам, биё, ки ман,
Ҳар шаб зи ашк ахтари зебо кашонамат.
Бо нархи ҷон пазирамат, бо нури чашми худ,
Дар қасри бошукӯҳи муҳаббат нишонамат.
Офардигори шеъри ман, о чун фариштае,
Бо рӯҳи ҷовидонаат парвоз мекунам.
Аз қаъри қалб дар шаби танҳоиям туро,
Бо сад нидои ҷонгудоз овоз мекунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ