Саиданвар Камолов: Ҳадаф бунёди Тоҷикистони исломӣ буд!

Генерал Саиданвар Камолов дар мавриди баҳманмоҳ, ҷанги шаҳрвандӣ ва иштибоҳи КГБ

Санаи 14 майи соли равон, генерали хушноми тоҷик, собиқ вазири амният ва раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти кишвар Саиданвар Камолов дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт. Камолов яке аз он нафароне аст, ки шурӯъ аз баҳманмоҳи хунин то ба охир дар дохили нооромиҳои солҳои 90-уми кишвар буд ва баъди бознишастагӣ баъзе аз хотироти худро ба нашр ҳам расонид.

Банда бо Саиданвар Камолов ошнои наздик набудам ва зиёд бо эшон суҳбат ҳам накардаам. Он чӣ дар зер меорам натиҷаи ду суҳбати кӯтоҳ аст, ки яке рӯ ба рӯ ва дигаре телефонӣ сурат гирифтааст…

Баҳманмоҳ – оғози ҷанг

Ҳаводиси моҳи феврали соли 1990-ум, ки дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун “Баҳманмоҳи хунин” сабт шудааст, ҳанӯз ҳам саҳифаҳои зиёди норӯшан дорад. Маҳз ҷунбишҳои мардумии моҳи феврал сабаби сар задани буҳрони сиёсӣ ва оғози нооромӣ дар Тоҷикистон шуд, ки ба ҷанги шаҳрвандии даҳсола хотима ёфт.

Таърихи оғози ин воқеа чунин аст: Рӯзи 11-уми феврали соли 1990 тақрибан 200 нафар сокинони Душанбе дар назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Баҳонаи ҷамъшавии онҳо гӯё ба Душанбе овардан ва дар хонаҳои нави баландошёна ҷой кардани арманиҳои гуреза буд. Дар он солҳо дар Душанбе ҳазорон нафар дар навбати хона меистоданд ва ин овоза мардумро ба шӯр овард. Ҳамон рӯз намояндагони давлат ба назди издиҳом баромада, пас аз шунидани арзу шикоятҳо ваъда доданд, ки рӯзи дигар, соати 15:00 мавқеи ҳукуматро муайян ва ба онҳо посух хоҳанд гуфт.  

Аммо рӯзи дигар, вақте ки теъдоди мардум 1000 нафарро убур кард, раҳбарони кишвар ба назди онҳо набаромаданд. Баръакс, неруҳои дохилӣ ва маъмурони амниятӣ ба пароканда кардани гирдиҳамоӣ талош карданд, аммо ин сабаби ошӯби эътирозгарон гашт. Хулоса, неруҳои ҳукуматӣ ба ҷониби мардум тир холӣ кард… Дар натиҷа, 26 нафар ба ҳалокат расид…

То ба имрӯз сабаби ба назди мардум набаромадани роҳбарияти ҳукумати вақт ва кӣ додани дастури тирпарронӣ ҷониби мардум маълум нест. Бархе бар он назаранд, ки ин ҳодиса сенарияи КГБ-и СССР буд…

Чанд сол қабл зимни омода кардани матлабе доир ба баҳманмоҳи хунин бо генерал Саиданвар Камолов муфаттиши ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 ҳамсуҳбат шуда будам. Дар ин суҳбати кӯтоҳ, ки дар долони ҷаласае сурат гирифт, банда аз генерал ба се суол посух гирифтам:

  1. Чӣ ангеза дод, ки мардум моҳи феврали соли 1990-ум даст ба гирдиҳамоӣ занад?
  2. Дастури истифодаи силоҳро ба муқобили мардум кӣ дод?
  3. КГБ-и Иттищоди Шӯравӣ дар ин воқеаҳо чӣ нақш дошт?

Посухҳои Саиданвар Камолов:

  1. Ҳадаф — давлати исломӣ

Баробари шурӯъ шудани бозсозӣ дар низоми давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Мардум ҳассос шуданд. Барои ҳар ҳарфи заруриву бемаънӣ “ура” гӯён ба кӯча баромадан, дар матбуот ҳамовозӣ кардан ба ҳукми анъана даромад. Вале дар Тоҷикистон озодиву демократия ба дигар маънӣ фаҳмида шуд. Бештари мардуми мо бартарӣ додан ба ақидаҳои диниро демократия фаҳмиданд. Аз ин диндорон истифода карданд ва ба ин васила мардумро идора карданӣ шуданд. Баҳманмоҳи хунин нахустин қадам барои пиёда кардани ин мақсад буд. Масъалаи таъмини арманиҳо бо хона танҳо баҳона буд, ки аз сӯйи як гурӯҳи махсус барои ба гирдиҳамоӣ кашонидани мардум истифода шуд. Он шабу рӯз пешвоёни дин дар масҷидҳо фаъол буданд. Онҳо дар ҳамон шабу рӯз таблиғ карданд, ки мардум омада, дар гирдиҳамоӣ иштирок кунанд. Маҳз ин нафарон аз сиёсати бозсозиву демократия истифода карда, мехостанд тавассути бозиҳои пасипардагӣ дар Тоҷикистон давлати исломӣ таъсис таъсис диҳанд ва барои ин аз тамоми фишангҳо истифода мекарданд. Ин ҳарфҳоро ман беасос намегӯям, ин чизҳоест, ки ҳамон вақт тафтишот маълум карда буд.

  • Бӯйи ҷанги шаҳрвандӣ

Ҳангоми шиддат гирифтани гирдиҳамоиҳо мо, чекистон, аллакай ба нохушӣ анҷом ёфтани онро эҳсос карда будем. Бинобар ин, борҳо аз ҷониби КГБ тавсия додем, ки роҳе пайдо карда, мардумро ором кардан лозим. Вале шунида нашудем. Тазоҳуроти мардум тезутунд мешуд, бинобар ин, ҳукумат дар машварат қарор мекунад, ки барои пароканда кардани издиҳом аз силоҳ истифода шавад. Дастури истифодаи силоҳ аз ҷониби прокуратура ба хотири кам кардани шиддати гирдиҳамоӣ дода шуд. Ин иҷозаро прокурори вақти Тоҷикистон Михайлин додааст.

Вақте мо пешниҳод кардем, ки намоишҳоро пешгирӣ кардан лозим, онҳо мегуфтанд, ки не, кори шумо нест, мардум намоиш мекунад, ин демократия аст.

Вале чун оина равшан буд, ки гирдиҳамоӣ бозӣ аст. Як воқеаро нақл мекунам. Соли 1992 Николай Травкин раҳбари ҳизби демократии Русия ба Тоҷикистон омад ва дар “Майдони Озодӣ” бо митингчиён суҳбат кард. Баъди анҷом ёфтани баромадаш ба бинои Шӯрои Олӣ даромад, ман бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Вай гуфт, ки “Рости гап, аз мардуме, ки дар ин ҷо ҷамъ омадаанд, ягон бӯи демократия намеояд. Оқибаташ ҷанги шаҳрвандист”.

Пурсидам: “Пас чаро ин гапро дар майдон нагуфтӣ?”

“Ҳақ надорам!”- кӯтоҳ посух дод ӯ.

Ин буд, ҳақиқати гирдиҳамоиҳои Тоҷикистон. Мардум бозичаи чанд нафару гурӯҳ шуд, надониста, ки демократия фақат харобкорӣ нест, қассос гирифтан нест, балки дар осоиш зиндагӣ кардан аст.

  • Бетарафӣ бадтар аз ҷиноят аст!

Дар масъалаи даст доштани КГБ-и СССР дар ҳаводиси феврали соли 1990. Беш аз 27 соли умри ман дар неруҳои амниятӣ сипарӣ шудааст. Ман аз даврони шӯравӣ, аз соли 1975 ба инҷониб дар ин сохтор то мартабаи сардори раёсати тафтишот расидам. Ба андешаи ман, КГБ бевосита дар қиёми мардум дахл надошт, вале бетарафии ин ниҳод ба чунин вазъият оварда расонид. Достоевский мегӯяд: «Бетафовутӣ аз ҷиноят бадтар аст». Ҳамин тавр, бархе аз роҳбарони мо бетарафиро пеша карданд.

Мо аз соли 1984 медонистем, ки дар Тоҷикистон пинҳонӣ ҳаракатҳои мухталиф арзи ҳастӣ намуда, неруҳои исломӣ фаъол мешаванд. Барои исботи ин даҳҳо факту далел ҷамъоварӣ кардем. Маводҳоро таҳлил карда гузоришро ба кумитаи марказии худамон додем. Ман, Саймумин Ятимов, Ҳамроҳхон Зарифӣ ва боз чанд нафари дигар узви ин комиссия будем. Вале, ба ҷойи он ки бар зидди неруҳо чора андешанд, моро даъват карда гуфтанд: «Мо гузоришро тавре ки шумо навиштаед, наметавонем ба Маскав фиристем. Онҳо чӣ мегӯянд? Агар пурсанд, ки ин гуруҳҳо чӣ тавр пайдо шуданд, чӣ мегӯем? Шарманда мешавем!». Яъне танҳо ба хотири он ки чанд нафар дар курсиаш роҳат шинад, Маскав набояд аз гуруҳҳои иртиҷоӣ хабардор мешуд.

Мо дигар чизе карда наметавонистем, зеро кори мо ҷамъоварии иттилоот буд, тасмимҳои ҷиддӣ ва ниҳоиро кумитаи марказӣ қабул мекард.

Илова бар ин, дар замони бозсозӣ низ аз раҳбарияти амният дар Душанбе ва Маскав фармон доштем, ки ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки пайдо мешаванд, кордор нашавем, дахолат накунем. Зеро бозсозӣ шуд ва акнун инҳо озод ҳастанд, ки ҳизб таъсис диҳанд.

Мо фикри шахсии худро мегуфтем, ки аз рӯи Конститутсия мо вазифадор ҳастем, ки истиқлоли давлатро ҳифз кунем, вале ҳадафи ҳар ҳизбу ҳаракат дар ниҳоят ба даст овардани қудрати сиёсӣ аст. Пас, чаро мо набояд дахолат кунем? Аммо ба мо мегуфтанд, ки дахолат накунед, демократия рафта истодааст.

Ҳамин рафтори кӯр-кӯрона сабаб шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шавад ва хуни даҳҳо ҳазор рехтаву ин қадар азият ба сари мардуми мо ояд…

Насиҳати Аҳмадшоҳи Масъуд

Соли гузашта дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд мақола менавиштам. Бинобар ин, хотироти чанд нафареро, ки бо Масъуд бевосита мулоқоти рӯ ба рӯ доштанд, сабт кардам. Бо генерал Саиданвар Камолов дар мавриди нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон суҳбати телефонӣ доштем.

— Аҳмадшоҳи Масъуд, ки шумо журналистон ӯро “Шери Панҷшер” мегӯед, барои сулҳи Тоҷикистон нақши хеле ва хеле калон дорад, — суҳбати худро шурӯъ карданд, Саиданвар Камолов. —  Агар ӯ дар ҳамон шабу рӯзи ҳассос тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати қонуниро неву аз мухолифин пуштибонӣ мекард, ҷанги Тоҷикистон то имрӯз идома меёфт, мисли он ки ҷанг дар Афғонистон.

Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул парвоз кард. Дар ин сафар аввалин вохӯрии сарвари давлати тоҷикон бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд сурат гирифт. Ҳангоми мулоқот сухан аз бозгардонии муҳоҷирони тоҷик ба Ватан мерафт. Аҳмадшоҳ дар рафти вохӯрӣ гуфт: «Ҳама имконот ва ғайриимконотро барои бастани сулҳ истифода баред, вагарна ҷанги партизании тӯлонии шаҳрвандӣ шуморо интизор аст». Ва дар ҳамин сафар дар паҳлуи ҳукумати қонунӣ ва сарвари қонунии Тоҷикистон буданашро эълон намуд.

Дар ҳамин сафар ӯ дар баробари чанд тавофуқ як хоҳиши Эмомалӣ Раҳмонро низ ба ҷо овард. Мусоидат намуд, ки 4 хизматчии ҳарбии хизмати ҳатмӣ ва 1 нафар капитани сарҳади Русия, ки асири қумондонҳои саҳроии музофоти Бадахшони Давлатии Исломии Афғонистон буданд, ба Кобул оварда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон зимни бозгашт онҳоро ҳамроҳи худ гирифт ва нақл мекунанд, ки замоне самолёт аз дарёи Панҷ мегузашт капитани рус аз шодӣ гиря кард. Бо ин амали хеш Аҳмадшоҳи Масъуд нишон дод, ки Сарвари тоҷикон барои ӯ қадру қимат дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон низ бо мақсади таъсир расондан ба роҳбарони мухолифини тоҷик аз роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла, Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Рабонӣ, Абдурашид Дӯстум ва дигарон дақиқназарона истифода бурд. Ҳамин иртибот буд, ки моҳи декабри соли 1996 мулоқоти ҷониби ҳукумат ва мухолифин дар Хостдеҳ бо иштироки роҳбарони Афғонистон ва миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид самаранок баргузор шуд.

Мо, ки қаблан кадрҳои шӯравӣ будем, дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд душманро медидем. Вале вақте ман вазири амният будам, соли 1995, моҳи сентябр, зарурат ба миён омад, ки бо ӯ вохӯрам.

Ҳамон вақт бо чархбол ба Фархор омад. Суҳбати мо хеле самимӣ доир шуд. Ӯ пайваста мегуфт: «Талош кунед, ки сулҳ шавад».

«Ман, пеш аз он ки Кобулро тарк кунам, як пулро бо 18 кило маводи мунфаҷира тарконда будам. Ҳоло барои барқарор кардани ин пул милионҳо лозим аст, ки ман надорам. Ин аст оқибати ҷанг. Сулҳ кунед» — пайваста таъкид мекард, Аҳмадшоҳи Масъуд.

Ҳамчунин, як мушоҳидаи ӯ, ки бароям нақл кард, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Аҳмадшоҳ гуфт, ки яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон аз ӯ пурсидааст, ки «Аҳмадшоҳ, ту барои чӣ меҷангӣ?». «Барои миллат», — посух медиҳад, Масъуд. Сипас, Аҳмадшоҳ аз тоҷик суол мекунад: «Ту барои чӣ меҷангӣ?». «Барои мазҳаб», — мегӯяд, тоҷик.  «Ислом асрҳои аср вуҷуд доштааст ва ниёзе нест, ки ту барои ислом биҷангӣ. Ислом ниёзе ба ҷанги ту надорад», — мегӯяд Аҳмадшоҳи Масъуд ба мухолифини тоҷик…

Саиданвар Камолов кист?

Генерал – лейтенант Саиданвар Камолов соли 1950 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зода шуда, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм кардааст. Соли 1975 фаъолияти худро дар низоми амнияти кишвар оғоз карда, дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-умасри гузашта, ба ҳайси сардори Раёсати тафтишоти КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст. Соли 1994 муовини вазири амният ва моҳи августи соли 1995 вазири амният таъин шуд. Соли 1997 корро ба ҳайси раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти ҷумҳурӣ оғоз карда, соли 2002 бознишаста шуд. 

«Дар ҳифзи марзу буми кишвар», «Граница», «Сангар», «Противостояние», «Тайна Пещеры Дракона», «Бозгашт», «Ситораи умед», «Гиреҳ дар гулӯ» китобҳои публитсистӣ, хотирот ва осори адабии Саиданвар Камолов аст, ки инъикосгари сарнавишти Тоҷикистон дар солҳои 70, 80, 90-и асри гузашта ва ду даҳаи қарни нав аст.

Одил Нозир

«Тоҷикистон»  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *