Саидмукаррам Абдулқодирзода: Идгардаки кӯдакон танзим карда шавад!
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як муроҷиати расмӣ ба мардум таҳияи дастархони бодабдаба ва “идгардак” ё гаштугузори кӯдакон дар рӯзи Иди Фитрро “хилоф бо шариат ва мазҳаби ҳанафӣ” донистааст. Аъзои ин шӯро хостаанд, ки дар рӯзи ид мардум фарзандони худро бе назорат нагузоранд.
Ин ягона ниҳоди содиркунандаи фатво иддао дорад, ки “идгардак”-и кӯдакон аз як тараф боис ба ташвиши мардум шуда, аз тарафи дигар “ба амният ва саломати онҳо хатар дорад”. Шӯрои уламо дар муроҷиати расмиаш гуфтааст, “чунин амал дар фармудаҳои шариат мавҷуд набуда, ягон асоси илмӣ надорад. Гузашта аз ин, чунин анъана барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон хос набуда, дар қисмати шимол ва шарқи кишвар мавҷуд намебошад.”
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо гуфтааст, ки ҳадаф аз ин муроҷиат манъи “идгардак” ё ороиши дастархон нест, балки мехоҳанд, ҳамин маърака ба танзим дароварда шавад. Ӯ гуфт, “дар идҳои гузашта шоҳид будам, ки чанд садама рух дод ва ба мардум рӯзи вазнин овард. Гуфтем, ки ба танзим дароварда шавад. Кӯдакон зери назорат бошанд. Вагарна як рӯзи хурсандии кӯдакон аст.”
Раиси Шӯрои уламо инчунин, аз мардум хостаанд, ки аз таҳияи дастархони бодабдаба худдорӣ намоянд. “Ҳангоми оростани дастархони идона мардум ба исрофкорӣ роҳ дода, ин амал ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Оростани дастархони пурдабдабаи идона барои соҳибхона боиси хароҷоти зиёдатӣ шуда, гоҳо сабаби қарз ва мушкилии молии хонаводаҳо мегардад. Ба ин шакл таҷлил намудани Иди сайиди Фитр дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ умуман ба мушоҳида намерасад”, — гуфтааст ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ