Саидмурод

Саидмурод Давлатов: Мехоҳам як миллион нафарро бо кор таъмин намоям (видео)

Мусоҳиби нашри 3-юми барномаи “Бо далел” устоди бизнес, бунёдгузори чандин ширкат ва муассиси мактаби “Оксфорд” дар Тоҷикистон Саидмурод Давлатов буд. Бо ӯ атрофи роҳҳои муваффақ гардидан дар бизнеси гармхона, шеваҳои муассири роҳбарӣ, ташкили команда, муносибату нигоҳ доштани мутахассис дар студияи Pressa.tj суҳбат анҷом додем.

— Дар ибтидо бигӯед, ки имрӯзҳо банди чӣ корҳо ҳастед ва то куҷо нақшаҳои гузоштаатон самар оварданд?

— Қаблан ба шумо ва тиматон барои даъвати оростани мусоҳиба изҳори сипос менамоям. Мо аз 9 гектар замине, ки дар шаҳри Левакант барои гармхона ба нақша гирифта будем, аллакай 2 гектарашро ба истифода додем. Аз панҷ соҳае, ки мехоҳем дастгирӣ намоему рушд диҳем, якеаш ҳамин гармхона аст. Яъне, рушди хоҷагии деҳот аз ҳадафҳои асосии мо боқӣ хоҳад монд. Дар ин самт мехоҳем, ки тақрибан 1000 гектар сохтани гармхонаро ба мардум нишон диҳем. Ҳоло гармхонаҳое, ки мо дар шаҳри Левакант ва Спитамен дорем, таҷриба мебошад. Дар заминаи ин агрономҳои боқувватро тайёр мекунем, то ҳаҷми содирот зиёдтар шавад. Ҳамзамон, ин имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардад. Мо мушоҳида кардем, ки соли равон 1 кг бодиринг 25-30 сомонӣ, 1 кг помидор 30 то 50, 1 кг булғорӣ 60-70 сомонӣ арзиш дошт. Ин дарак медиҳад, ки чунин маҳсулотро аз дигар давлатҳо ба кишвар ворид карда истодаем.

Умуман, тамоми барномаҳои мо омӯхта шуда, ба хотири беҳтар намудани зиндагии мардум, таъмин бо шуғли доимӣ ва рушди иқтисод аст. Аз ҷумла, дар доираи барномаи рушди деҳот мехоҳем, ки тамоми имкониятро истифода кунем. Аз ободии роҳ то гармхона, мавзеъҳои селравҳо, мактабҳои муосири мувофиқ равия, беморхонаву мағозаи китоб ва корхона ба ин хотир аст, ки минбаъд мардум азоб накашанд.

— Шуморо дар баробари устоди бизнес, ҳамчун сармоягузори муваффақ ҳам мешиносанд. Ҳоло дар Тоҷикистон бештари бизнесменҳо талош мекунанд, ки хонаҳои баландошёна ё корхона созанду фоидаи калон гиранд. Аммо майли шумо бошад, ба бунёди гармхона аст. Оё ин навъи тиҷорат зиёновар нест?

— Дар маҷмуъ, мақсад дорам, ки дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафарро бо кор таъмин намоям. Дарк ҳам кардам, ки бо чанд мағозаву меҳмонхона ва дигар хизматрасониҳо ин корро карда намешавад. Ягона коре, ки карда мешавад, яъне бевосита ёд додани дигарон аст. Лоиҳаҳои мо роҳнамо барои дигарон мебошад. Дигар ин ки, таъсиси гармхона метавонад мардумро бештар бо кор фаро гирад. Ҳамчунин, онҳо таҷриба гирифта, мустақилона гармхонаҳо таъсис медиҳанд. Бинобар ин, ҳама меҳмонхонаву маркази тиҷорат сохта наметавонанд. Баъдан, чунин иқдомҳоро дигарон амалӣ карда истодаанд. Мақсади лоиҳаҳои мо мусоидат ба рушди иқтисод ва дигар шудани зиндагии мардум аст. Мақсад ин нест, ки пули калон кор кунем. Дар дигар ҷо ҳам пул кор карда мешавад. Аз як тараф, ба халқи мо омӯзонидани технология мушкилтар аст ва вақти зиёд талаб мекунад. Аз ҷониби дигар, замина зарур аст. Аммо мардум дар замин самарабахш кор карданро тезтар ёд мегиранд. Баъд, ба берун баровардани маҳсулот низ осонтар аст. Зеро маҳсулоти табиии мо дар бозори ҷаҳонӣ талаботи бештар дорад. Ба хориҷиҳо магнитофон ё кадом технологияи истеҳсоли Тоҷикистон гӯед, магар бовар мекунанд? Ҳеҷ кас! Агар маҳсулоти табиии Тоҷикистонро гӯед, ҳама бовар доранд, чунки лаззаташро чашидаанд. Масалан, “Витаминҳои Тоҷикистон”, ки бренди мост, дар фикри ҳама нақш бастааст. 

Хабарнигори «Тоҷикистон» Усмон Раҳимзода ҳангоми мусоҳиба бо устоди бизнес Саидмурод Давлатов дар студияи Pressa.tj

— Бубинед, ҳоло дар Тоҷикистон гармхона зиёд аст. Гармхонаҳое, ки шумо сохтаед, аз инҳо чӣ тафовут доранд?

— Гармхонаҳое, ки дар назар доред, бизнесменҳо сохтаанд. Бештарашон ба хотири гирифтани фоида аст. Аммо дар гармхонаи ман деҳқон кор мекунаду ёд мегирад ва минбаъд роҳи худашро меёбад. Мутаассифона, бисёр бизнесменҳо гармхона сохта, ҳосили нағз намегиранд. Дар ноҳияи Спитамен ин таҷрибаро мо мушоҳида кардем. Мақсад чунин аст, ки барои халқ даромади барқароршаванда созем. Ҳоло дар оғози бизнеси гармхонаҳо ҳастем ва 3-4 сол пас натиҷаи хубро шоҳид хоҳед шуд.

Cаидмурод Давлатов дар студияи Pressa.tj

— Андешае ҷой дорад, ки бештари сармояи шумо дар хориҷи кишвар аст. Борҳо худ низ гуфтед, ки дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон чандин марказҳои тиҷоратӣ доред. Аммо вақтҳои охир таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон мекунед. Чӣ шуморо водор мекунад, ки сармояи худро ба Тоҷикистон оред?

— Мо дар Тоҷикистон аз рӯйи 5 самт кор карда истодаем. Ҳамаи инҳо стратегияи худро доранд. Якум, хоҷагии қишлоқ. Дуюм, фарҳанг. Сеюм, маориф. Чорум, истеҳсолоту коркард. Панҷум, рушди деҳот. Мисол, ҳадафи маорифу фарҳанг мардумро соҳибмаърифат кардану аз чанголи ғуломӣ берун кашида баровардан аст. Халқи мо хотироташ баста ва ба гуфтаи русҳо “замкнутый” аст. Руҳан дилшикаста шудаанд. Бояд ба халқ ёрӣ ва роҳнамоӣ кунем. Ростӣ, дар соҳаи фарҳану маориф хароҷоти калон карда истодаам. Бунёди мактаби “Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд, таъсиси мағозаҳои “Дониш” ва дигар пружаҳо мисол шуда метавонанд. Боз дар нақша дорем, ки мактабҳои дигарро  вобаста ба соҳа, аз ҷумла IT бунёд кунем. Ҳамчунин, таъсиси Донишгоҳи байналмилалии менеҷмент ва инноватсияро дар нақша дорем.

Ҳоло як мушкилро ҳама дида истодаем. Ин афзоиши муҳоҷирати мардум ба шаҳр аст. Беш аз 80 фоизи мардум вақте ки ба шаҳр хондан меоянд, дигар нияти бозгашт ба деҳотро надоранд. Ҳамаи кадрҳо мехоҳанд, ки дар Душанбе ё дигар марказҳои шаҳр ҷамъ шаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст кадрҳои соҳибтахассус намерасанд. Табиб, муҳандис ё дигар кадрҳои боқувватро намеёбед. Ман инро дар мисоли ноҳияе, ки ба дунё омадам, шоҳид шудам. Таҷрибаи бисёр давлатҳо ва Тоҷикистонро бо чашми сар дидам. Одамон ду намуд мешаванд: ягон беҳбудие ба Ватан мекунед ё “безразличный” мешавед. Яъне, “шавад, обӣ, нашавад лалмӣ” гуфтаанд. Дар тасаввури баъзе чунин аст, ки “ба ман чӣ даркор, фарзанди ман он ҷо наравад”. Бетарафӣ оқибати бад дорад. Аммо инсоне, ки дурбин аст, фикри дигар дорад. Ман аз чунин тоифа ҳастам. Ҳемеша ҷонибдор ва омодаи рушди деҳот ҳастам. Охир, дар ҷое, ки таваллуд шудам, ғайр аз ман пайвандонам ҳастанд. Фикри онҳоро ҳам бояд кунем. Ҳама имкони ба пойтахт омаданро надоранд- ку! Ба пиндори ман, ҳар кас дар доираи имконият, пеш аз ҳама барои рушди деҳа ё ноҳияаш бояд саҳм гузорад. Яъне, бояд намуна бошем. Ҳоло мо на бо гап, балки бо амал нишон медиҳем. Одам ҳар корро дида, дасту дилаш гарм ва донишу фаҳмишаш кушода мешавад. Ақаллан аз дохили 10 нафар 2 нафар иқдоми неке пеша мекунанд-ку!

Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода

Дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ин саволҳо ҷавоб пайдо намоед:

  1. Барои бизнеси муваффақ чӣ муҳим: дониш, таҷриба ё омили дигар?
  2. Муваффақияти роҳбар ё корхона аз чӣ вобаста аст?
  3. Аз сохтани тим то нигоҳ доштани мутахассис. Чӣ бояд кард?
  4. Чаро мардум аз кор дида, хароҷотро бештар дӯст медоранд?
  5. Чаро сармоя ба илм бояд равона кард?
  6. Оё ба фарзанд пул додан мумкин аст?
  7. Инсоне, ки донишу ақл, фаросат дорад, аммо сарватманд нест. Чаро?
  8. Зудтарин роҳи ба ҳадаф расидан кадом аст?
  9. Дар зиндагӣ чӣ инсонро хушбахт мекунад?
  10.  Аз нигоҳи равоншиносӣ хатарноктарин одам дар зиндагӣ кист?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *