Саидраҳмон Сулаймонов — вориси арзандаи Ибни Сино

Имрўзҳо донишманд ва омўзгори шаҳири сарфу наҳви забони арабӣ, тарҷумон, лексолог, луғатшиноси забардаст дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, яке аз бунёнгузорони истилоҳотзоии илмии фалсафӣ дар заминаи мероси фалсафии Ибни Сино, ҳамзамон мутарҷими машҳури осори фалсафию мантиқӣ ва илмии Абӯалӣ ибни Сино, луғатсози луғати бисёрзабонаи арабӣ, русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонов ба синни мубораки 75-солагӣ мерасад.

Саидраҳмон Сулаймонов зодаи ноҳияи Тоҷикобод буда, пас аз хатми мактаби миёна таҳсилоти хешро дар шуъбаи арабии факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома медиҳад. Аз соли 1972 то соли 1985 ба сифати ассисент ва баъдан ба унвони дотсенти кафедраи филологияи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кори таълимиву илмӣ ва мутарҷимӣ машғул шудааст. Солҳои 1970-1971 дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва соли 1980-1983 дар Ҷумҳурии Ироқ ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Солҳои 1985-1992 ба сифати ходими калони илмӣ ва солҳои 1992-2005 мудири «Шуъбаи тарҷума ва таҳияи мероси фалсафи»-и Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ шуда фаъолият намудааст. Баъдан дар вазифаи мудири кафедраи филологияи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005-2012) кор кардааст.

Дар баробари ин, ӯ узви Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, узви Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Либиё (Ливия), узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории илмҳои филологӣ, Узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира мебошад. 

Устод Сулаймонов Саидраҳмон дар тӯли умри худ дар се бахши умда — таълифу таҳқиқ, тарҷума ва омода намудани кадрҳои нави омўзгорӣ саҳми беандоза гузоштааст. Яке аз таълифоти бузурги эшон “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ” аст, ки фарогири 100 000 калима (вожа) мебошад. Барои таълифи ин асар устод 30 соли умри худро сарф намудааст, ки дар ҳақиқат як фарҳанги мондагор гаштааст. Навиди дигар ин аст, ки рӯзҳои наздик фарҳанги сезабонаи устод “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ-русӣ” дар ҳаҷми 5 ҷилди китоб ба табъ хоҳад расид, ки ин ҳам маҳсули чандинсолаи кори устод дар самти луғатсозӣ мебошад.

Дар бахши тарҷума аз миёни ҳама корҳо Саидраҳмон Сулаймонов бештар ба омӯзиш ва тарҷумаи осори Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯнасри Форобӣ машғул будааст. Аз беҳтарин тарҷумаҳои он кас қисматҳо аз “Китоб ул-Мантиқ”-и Шифо ва “Наҷот”-и Ибни Сино, “Ҳикмат ул-машриқин”-и Шайхурраис мебошанд. Асари “Ҳикмат ул-машриқин” аввалин бор дар ҷаҳон аз арабӣ ба забони русӣ ва тоҷикӣ тарҷума шудааст. Аз намунаи тарҷумаҳои солҳои охири устод, ки бештар шуҳрат пайдо карданд, китобҳои “ал-Ҳайвон” ва “ан-Набот”-и Ибни Сино мебошад, ки Саидраҳмон Сулаймонов онро ҳам аввалин бор аз арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва пешкаши муҳаққиқон намудааст. Инчунин, китоби “Алфоз”-и Абӯнасри Форобиро аз арабӣ ба русӣ тарҷума намудааст.

Бояд гуфт, ки устод дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ низ саҳм гузошта, 15 нафар зери роҳбарии эшон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Т. МУРОДОВА, номзади илмҳои фалсафа

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *