Саидзода бо 2500 сомонӣ ришва дастгир шуд

Як тан аз иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукмати Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ришва ба даст афтод.

Тавре Маркази матботиАгетии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияихабар медиҳад, 3 июни соли 2020 шаҳрванд «А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидзода Ҷовид Ҷобир аз ӯ,барои дароз намудани муҳлати иҷрои судӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор дорад, маблағи 2500 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда истодааст.

Худи ҳамон рӯз нисбати СаидзодаҶ.Ҷ. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидзода Ҷ.Ҷ. идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *