Саидзода худаш аз кор рафт

Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, ки тайи беш аз як соли охир масъули умури нақлиёти пойтахт буд, бо хоҳиши худ аз кор рафтааст.

 Рӯзи 29-уми май дар дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе тасдиқ карданд, ки «Саидзода дигар муовини Рустами Эмомалӣ нест». Қурбон Саидзода ҳафтаи гузашта аз кор рафтааст. «Вай пас аз ҷарроҳӣ дигар натавонист ба кор баргардад. Ҳоло бемор ва дар хонааш аст, табобат мегирад. Раиси шаҳр аризаи ӯро тасдиқ кард ва Саидзодаро аз вазифа озод намуд», — гуфтаанд дар ин ҷо .Ҳамин ҳафта  номи ҷойгузини Қурбон Саидзодаро эълон хоҳад шуд. Қурбон Саидзода муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба  нақлиёт, яке аз соҳаҳои мушкили пойтахт  буд. Моҳи январи соли 2017, баробари ба мақоми шаҳрдори Душанбе расидани Рустами Эмомалӣ  Саидзода ба ҳайси муовини ӯ таъйин гардид. Дар тӯли раҳбарии ӯ дар бахши нақлиёти пойтахт даҳҳо автобуси ISUZU бо харҷи 3,4 миллион евро аз Туркия ба Душанбе оварда шуда, ҳаракати таксиҳои маъруф ба «3 сомонӣ» манъ гардид. Инчунин, ҳаракати «Старекс»-ҳо дар роҳҳои марказии пойтахт манъ ва низоми нави пардохти роҳкиро ҷорӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *