Ҷамшед Саидзода

Саидзода раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд

Ҷамшед Саидзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб шудааст. Ӯ бо фармони Президенти кишвар 11-уми январи соли 2022 аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод шуда буд.

Имрӯз, 18-уми январ дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии XIV-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз вазифааш озод шуда, ба ҷой ӯ Ҷамшед Саидзода раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб карда шудааст.

Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон  конфронси ҳисоботӣ-интихоботии XIV-уми ҲХДТ баргузор гардида, дар он Азизӣ Абдуҷаббор, муовини аввали раиси ҲХДТ ва Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *