Саифаи фейсбукии Рамазон Қодировро ИМА баст

Бинобар таҳримҳои Ийолоти Муттаҳида саҳифаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Facebook масдуд шуд. Дар ин бора портали «Медиазона» рӯзи 27 декабр бо такя хадамоти матбуоти ин шабакаи иҷтимоӣ хабар дод.

Ба гуфтаи намояндаи Facebook, ширкат бояд саҳифаи Қодировро маҳкам мекард, зеро номи раҳбари Чеченистон дар рӯйхати шаҳрвандонест, ки ИМА вуруди онҳоро ба қаламраваш қатъиян манъ кардааст.

Саҳифаи расмии раҳбари Чеченистон дар Instagram ва Facebook рӯзи 23 декабр масдуд шуд. Ахиран мақомоти Амрико номи Қодировро ба рӯйхати таҳримоҳи марбут ба «қонуни Магнитский» шомил карданд.

Ба думболи масдуд шудани саҳифаҳояш дар Facebook ва Instagram Қодиров эълон кард, ки ба пойгоҳи дигар — Mylistory гузашт, ки ба нусхаи қадимии Instagram монанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *