Сайфиддин Тӯраев сиёсатмадори шинохта даргузашт
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, собиқ номзади раёсатҷумҳурӣ ва ноиби аввали раиси Шӯрои Олӣ рӯзи 30-юми май дар синни 75 дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан аз ҷаҳон гузашт.
Акбар Маъруфов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Истаравшан рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб даргузашт ва маросими дафнаш баъд аз зуҳри шанбе баргузор мешавад.
«Он кас бемори қалб буданд ва аз ин маризӣ даргузаштанд. Чанд сол боз дар Истаравшан мезистанд. Ба сабаби бемории ҳамагир эҳтимол дар маросими ҷаноза одами бисёр ҷамъ наояд», — гуфт ӯ.
Қарор аст, ҷанозаи Сайфиддин Тӯраевро дар оромгоҳи «Калламанора», ки падараш дар он ҷо дафн шудааст, ба хок супоранд.
Чеҳраи маъруфи солҳои 1990, яке аз пешсафони ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили номвари порлумон Сайфиддин Тӯраев дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, ки озодтарин интихобот дониста мешавад, якҷо бо 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва дигарон ширкат варзида, тарафдории бахше аз интихобкунандагонро ба даст овардааст.
Дар интихоботи президентии соли 1999 бори дигар номзад шуд, вале ба марҳалаи асосӣ роҳ наёфт. Номзадии ӯро бо далели ҷамъоварии имзои ками пешбарикунандагон бекор карданд.
Баъд аз ин саҳнаи сиёсиро тарк карда ва ба тиҷорат машғул будааст.
Вай дар Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.
Аз соли 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.
Солҳои 1991-92 ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ