Саймумин Ятимов: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ду миллат ҳал шудааст

Имрӯз, 13-уми март, раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар суҳбат бо хабаргузории қирғизии АКИpress изҳор дошт, ки масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра ба манфиати ҳарду миллат ҳал шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, интиқод дар чунин масъалаҳо як амри табиӣ аст, аммо муҳим он аст, ки манфиатҳои ду давлат ҳалли худро ёфтанд.

«Дар Тоҷикистон низ моро дар ин маврид танқид мекунанд. Аммо ин чизи асосӣ нест. Муҳим он аст, ки акнун муносибатҳо бародарона ва таърихӣ хоҳанд буд. Онҳо бояд мисли бародарони ҳақиқӣ бошанд. Масъалаи боз кардани тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба таври қатъӣ ҳал шудааст. Нахуст, ду гузаргоҳ расман боз мешаванд ва сипас ҳамаи гузаргоҳҳои боқимонда,» — таъкид кард Ятимов.

Ҳамзамон, имрӯз президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи марзии ду кишварро имзо хоҳанд кард.

Ба иттилои АКИpress, дар вилояти Бодканд расман гузаргоҳҳои марзии “Қизил-Бел” ва “Қайрағоч” дубора кушода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image