Сайрам Исоева: «Бибиҳо» ба Ӯзбекистон мераванд, ман ба Озарбойҷон
Шаҳри Хуҷанд. Вақте вориди Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ шудам, ҳунармандон машғули тамрин буданд. Дар рӯзҳои Наврӯз ҳайати эҷодии театр серкоранд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева, ки ба аёдати эшон омадаам, низ ташвишҳои зиёде доранд. Бо вуҷуди ин, аз Душанбе, аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” омаданамро ба назар гирифта, маро хуш пазироӣ карданд ва барои суҳбат розӣ шуданд.
Хонаи қақиқӣ
… Ӯ 60 соли умри худро сарфи ҳунар кардааст. Дар утоқи кории эшон дар театр, ки ҳунармандон гримхона мегӯянд, ҳама чиз рамзу роз дорад. Аксҳо ва афишаҳое, ки деворҳои ин ҳуҷраро оро медиҳанд, ҳар яке таърих доранд. Қисме аз ин аксҳо, ки нақшҳои бузурги Сайрам Исоева ҳастанд, баёнгари таърихи санъати театру синамои тоҷик мебошанд. Дар деворҳо Майсара аз “Найрангҳои Майсара”, Гурдофарид аз “Рустам ва Суҳроб”, Умеда аз “Чинорҳо”, Сурайё аз “Сурайё” ва даҳҳо қаҳрамони офаридаи Сайрам Исоеваро метавон дид, ки шоҳкориҳои кинои ӯзбеку тоҷик маҳсуб меёбанд.
— Ин театр барои ман хона якумам аст, зеро тайи 60 соли охир бештари умри ман дар ин даргоҳ мегузарад. Ин деворҳо шоҳиди такопӯ, талошу кӯшиш ва давутози ман барои ноил шудан ба нақшаҳои эҷодиам ҳастанд…
Воқеан, театр хонаи дуввуми Сайрам Исоева нест, балки хонаи ҳақиқии ӯст. Дигар ин ки, дар ин даргоҳ шавҳари ӯ Ислом Саломов ва духтараш Саодат Саломова то вопасин лаҳзаҳои умр фаъолият карданд…
Қадршиносӣ
Соли сипаришуда барои Сайрам Исоева соли бобарор буд, зеро ин устоди санъат дар синамобазми байналмилалии “Дурдонаҳои шоҳроҳи Абрешим”, ки таҳти шиори “Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт” дар шаҳри Тошканд баргузор гашт, дар қатори ҳунармандони машҳур Раҷ Капур, Никита Михалков, Нури Билге Ҷейлан ва Айтурган Темирова бо ҷоизаи махсус ва 20 ҳазор доллар маблағ қадршиносӣ гардид. Ин мукофот барои ҳунарпеша барои саҳми арзанда дар рушди кинои ҷаҳонӣ супорида шуд.
— Ин қадршиносӣ барои ман ғолибият буд. Дар қатори беҳтарин ва машҳуртарин ҳунармандони ҷаҳонӣ ҷоиза гирифтан на ба ҳар кас насиб мегардад. Шукрона мекунам ва ифтихор аз он дорам, ки чунин саодат насиби бонуи тоҷикистонӣ гардид. Ин ҷоиза танҳо аз ман нест, балки эътирофи санъати тоҷик ва мардуми тоҷик, яъне ҷоизаи тамоми Тоҷикистон аст,- мегӯяд Сайрам Исоева.
60 соли хизмат
Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева зиёд навиштаанд, вале сабабҳои ба ҷодаи санъат пайвастани ӯро гуногун арзёбӣ кардаанд. Бинобар ин, дар ин маврид аз худи эшон пурсидам. Маълум шуд, ки ба роҳи санъат рафтани Сайрам Исоева тасодуфан иттифоқ афтодааст.
— Ман ба ҳунари апаам, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева дил баста, бо дуо ва кумаку дастгириҳои эшон ба саҳнаи ҳунар қадам гузоштам. Институти театр ва санъати ба номи И. А. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, шукри худо, 60 сол аст, ки дар ҷодаи санъат хизмат мекунам.
Воқеан, Сайрам Исоева то имрӯз дар театр ва синамои тоҷику ӯзбек даҳҳо нақши мондагор офаридааст, ки коршиносон ҳар якеро ҳамчун образҳои классикии санъат эътироф кардаанд. Аз ҷумла, Робия («Суруди нотамом»-и А. Атобоев), Аза («Лулидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А. Гусев), Мирандолина («Соҳиби меҳмонхона»-и П. Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукуҳӣ), Сотти («Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад) ва ғайра.
Ҳамчунин, Сайрам Исоева ҳамчун коргардони бомаҳорати театр эътироф гардидааст. «Маугли»-и Р. Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ, «Дӯстӣ», «Сайр дар соли нав»-и С. Исоева, «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад, «Арӯси шаҳрӣ»-и Н. Исломов, “Камоли Хуҷандӣ”-и Раҳим Ҷалил ва ғайра беҳтарин маҳсули фаъолияти коргардонии ӯ ҳастанд.
Гулнор аз «Духтари сеюм»-и Анвар Тӯраев (1969), Гурдофарид аз «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад аз «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика аз «Агар дӯст дорӣ» (коргардон А. Қуддусов), Малика аз «Қуи сафед» (коргардон А. Ҳамроев), Нодира аз «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов), Майсара аз «Саргузашти Майсара» ва ғайра нақшҳои мондагори ин устоди ҳунар дар синамо мебошанд.
«Бибињо» ба Хатлону Душанбе мераванд
Ҳоло Сайрам Исоева дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, роҳбари ансамби фолклорӣ-этнографии “Бибиҳо” мебошад.
— Айни замон хеле серкорам. Ҳеҷ вақт бекор нишаста наметавонам. Рӯзе, ки бекор мемонам, он рӯз бемор мешавам. Нафаси ман, ҳастии ман, тамому орзуҳои ман — ин ҳунарам ва санъатам аст. Ҳоло ҳам дар театр ва ҳам дар ансамбли “Бибиҳо” кор мекунам. Имсол ҷашни 80- солагиям аст. Мехоҳам дар ҷашнам як-як хотираҳои ҷавониро варақгардон кунам ва дар асоси нақшҳоям як намоише омода карда, пешкаши тамошобинон созам. Бо намоиши нави ансамбли “Бибиҳо” бошад, ният дорам, ки аз Суғди бостонӣ оғоз карда, то вилоятҳои Хатлону Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳем. Ҳоло намоиши “Камоли Хуҷандӣ”, ки аз рӯйи асари Раҳим Ҷалил таҳия кардаам, ба фестивали театрӣ ба шаҳри Маскав даъват шудааст. Охири сол бошад, худо хоҳад, бо намоиши “Хазони таги по”, ки аз рӯйи асари Фотима Ғуломова ба саҳна гузоштаам, дар фестивале, ки дар Гурҷистон баргузор мегардад, иштирок мекунем,- мегӯяд Сайрам Исоева дар мавриди нақшаҳои эҷодӣ.
Дар фарҷоми суҳбат ба ин устоди санъат барору комёбӣ таманно мекунем.
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ