Сайёҳ: Тоҷикистон таҷдид мехоҳад!

Тоҷикистон имкониятҳои зиёди сайёҳӣ дорад, аммо мутаассифона, ба пуррагӣ аз он истифода карда наметавонад. Бинобар ин, сайёҳии Тоҷикистон ниёз ба сармоягузорӣ ва таҷдид дорад, — мегӯяд шаҳрванди Мексика Рисорита Ромео Кинс, ки ба тамошои Панҷакенти қадим омадааст.

Раиси Панҷакент: Инфраструктура месозем!

Тоҷикистон имкониятҳои зиёди сайёҳӣ дорад, аммо мутаассифона, ба пуррагӣ аз он истифода карда наметавонад. Бинобар ин,  сайёҳии Тоҷикистон ниёз ба сармоягузорӣ ва таҷдид дорад, — мегӯяд шаҳрванди Мексика Рисорита Ромео Кинс, ки ба тамошои Панҷакенти қадим омадааст.

Ин ҷо Тоҷикистон аст!

Баъд аз он, ки бо як гурӯҳ журналистон ва бостоншиносон аз Панҷакенти қадим, бахусус аз қасри эҳтимолии Деваштич, ки корҳои ҳафриётӣ дар он оғоз шудааст, дидан кардем, паҳлӯйи қабри Борис Маршак, дар сояи дарахтону зери долон дастурхон  ороставу хостем тарбузу харбуза ва нони гарм тановул кунем. Ҳамин замон 4 нафар сайёҳи хориҷӣ ҳам тамошои худро ба охир расонида, қасди рафтан доштанд, ки яке аз ҳамроҳонамон онҳоро даъват кард, то каме дам гирифта,  бо неъматҳои хони мо ташнагӣ шикананд:

-Не, ташаккур, мо пули тоҷикӣ надорем, — суханҳои онҳоро тарҷума кард, тарҷумон.

-Пул барои чӣ?

-Барои харидани тарбузаву харбуза.

-Инҳо ройгонанд, шумо меҳмони мо ҳастед, ин ҷо Тоҷикистон аст, — бо забони англисӣ фаҳмонид ба онҳо, бостоншинос Абдураҳмон Пулодов, ки дар Панҷакенти қадим ҳафриёт мебарад.

Ҳамин тавр, сайёҳон ба дастурхони бостоншиносон ва рӯзноманигорон пайвастанд.

Шефтаи халқи шумоем

Оилаи Рисорита қариб ҳар сол ба тамошои ягон қисмати дилфиреби ҷаҳон мебароянд. Чун писари  онҳо Ромео шуъбаи антропологияи яке аз донишгоҳҳои Мексикаро хатм кард, имсол хоҳиши ӯро ба назар гирифта, ба сарзамини таърихии Суғд омаданд, то аз Панҷакенти Қадим, Саразм, Самарқанду Бухоро ва дар баробари  ин аз Ҳафткӯлу Искандаркӯл дидан кунанд.

Бинобар ин, ман бештар бо Ромео ҳамсуҳбат шудам.

“Ин минтақа дар таърихи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дорад ва Роҳи Абрешим низ аз ҳамин ҷо убур мекунад. Сайёҳ ва донишманд Марко Поло низ аз ин ҷо дидан карда буд. Ба ҳамин хотир тасмим гирифтем ба ин минтақа сафар кунем. Мехостем дар бораи шароити ин кишвар маълумоти бештаре дарёфт кунем. Ҳамчунин, бо мардуми тоҷик дар заминаи фарҳангу таърихи якдигар табодули афкор кунем. Моро кунҷковӣ ба ин ҷо овард.”-мегӯяд Ромео.

Ҳамчунин,  ба Ромео Ҳафткӯл хеле писанд омадааст:

“7 рақами фалсафӣ аст.  7 рӯзи ҳафта, 7 рӯд ва ҳафтҳои дигар, ки инсонро бо табиат ва кайҳон мепайвандад.”

Падари Ромео, аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз имкониятҳои сайёҳии худ истифода накардааст.  

“Мо ин ҷо сайёҳони зиёдеро дидем. Намедонем онҳо чӣ мушкиле доранд, аммо мо дар меҳмонхона каме мушкил доштем. Ҳангоми убури марз низ вақти зиёдамон масраф шуд. Кишвари шумо дорои имконоти зиёд аст, аммо барои рушди соҳаи сайёҳӣ сармоягузорӣ лозим аст, ки баъдан сармоя орад”.

Самарская: мо 20 сол аст, меоем!

Баръакси аксари сайёҳон оилаи Самарскийҳо камбудиҳои кишвари моро “назокатҳои он” арзёбӣ мекунанд.

“Мо 20 сол шуд, ки ба Тоҷикистон меоем ва дар баробари ин ҳамчун роҳбалад солҳои охир сайёҳони дигарро низ аз Санкт-Петербург бо худ меорем. Ҳатто як маротиба ҳамроҳи шавҳарам гузаргоҳи Вахонро убур карда, тамоми Бадахшонро тамошо кардем. Ба мо Тоҷикистон писанд аст. Мо дар ин ҷо шиносҳои зиёде дорем.”-мегӯяд, хонум Самарская.

Аз ин бону дар мавриди камбудиҳои ҷойдошта барои қабули сайёҳон пурсон шудем:

“Мо як фалсафа дорем: ҳар чизе ҳаст, қабул мекунем. Бинобар ин, камбудиҳое, ки дар кишвари шумо ҳаст, назокатҳои он аст. Мо вақте ба сафар мебароем медонем, ки дар ҷое азоб мекашем, дар ҷое шароити дилхоҳамон нест ва ғайра, аммо ин лаҳзаҳои хотирмони сафар аст. Фақат ман аз он афсӯс мехӯрам, ки маконҳои таърихии шумо барои тамошо мутобиқ нашудааст, барои мисол Панҷакенти қадим, ки ҳанӯз ҳам зери хок аст ва қисматҳои бозшудааш, мутаассифона валангор аст.”- мегӯяд ин хонум.

Ҳамин тавр, тӯли ду рӯзе, ки дар шаҳри Панҷакент будем, наздики 70 сайёҳи хориҷиро дидем, ки ба тамошои водии Зарафшон омадааст.

Сайёҳони чехӣ, аз он афсӯс мехӯранд, ки бо вуҷуди будани ин ҳама имконот Тоҷикистон барои қабули сайёҳон шароит надорад ва баъдан ҳафриётҳо ҳанӯз зери хоканд.

Кумита: Дар ним сол 550 000 сайёҳ омад.

Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода мегӯяд, ки то арафаи 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва ҷашнгирии 5500-солагии шаҳри Саразм дар ҳудуи Панҷакент ба истифода додани қариб 300 иншоот дар назар аст ва ин барои рушди сайёҳӣ низ мусоидат мекунад.

“Мо аллакай сохтмони чандин меҳмонхонаҳоро оғоз кардем. Ҳатто дар паҳлӯи шаҳракаи Саразм низ меҳмонхона бунёд шуда истодааст. Бинобар ин, мушкилоти сайёҳони мо дар наздиктарин фурсат ҳалли худро хоҳад ёфт ва мо метавонем ҳамрӯза садҳо сайёҳро қабул кунем”,-мегӯяд раиси шаҳри Панҷакент.

Раиси Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода низ мӯътақид аст, ки имконоти соҳаи сайёҳии мо дар ҳоли афзоиш аст:

“Дар ним соли аввали соли 2019 дар мамлакат 26 ширкати нави сайёҳӣ  вориди бозори туристии Тоҷикистон гардиданд, ки дар маҷмӯъ, теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ дар мамлакат ба 180 адад расид. Аз ҷумла, алҳол дар Душанбе 90, Суғду Бадахшон мутаносибан 33 ширкати сайёҳӣ ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 10 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.”

Абдуғаффорзода мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали ҳамин сол ҳудуди 550 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба кишвари мо ташриф овардааст.  

Панҷакенти қадимро бояд эҳё кард

Сайёҳони хориҷӣ на танҳо аз Тоҷикистон дидан мекунанд, балки мехоҳанд барои рушди кишвари мо талош ҳам кунанд. Масалан, Ромео аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки Панҷакенти қадим хеле хароб аст ва мегӯяд барои ҷалби мутахассисон аз Мексика талош мекунад:

 “Панҷакенти қадимро бояд ба пуррагӣ аз хок берун овард ва ҷойҳои зарури онро бозсозӣ кард. Бояд он болопӯш дошта бошад.  Қасри Деваштич, ки зери қабати бузурги хок маҳфуз аст, бояд берун бароварда шавад ва технологияи муосир ҳифз шавад. Пас аз баргаштан ба Мексика ман мекӯшам, ки бо олимону мутахассисон дар мавриди ин осори таърихӣ ҳамсуҳбат шавам ва шояд мутахассисон мароқ зоҳир кардаву ба ин ҷо оянд”.

Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот Панҷакент ба маркази сайёҳии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва ҳамарӯза даҳҳо сайёҳ аз табиат ва ёдгориҳои он дидан мекунанд.

Фақат лозим аст, ки Ҳукумати кишвари мо барои обод кардани ду минтақаи муҳим- Саразм ва Панҷакент сармоягузорӣ кунад ва барои бунёди инфраструктураҳои зарурӣ дар Ҳафткӯл ва Искандаркӯл шароит фароҳам оварад. Чун сармоягузорӣ шуд, сармоя меод! Ин аст, формулаи рушди ҳамаи соҳаҳо.

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *