Раисии Саламшоҳ Муҳаббатовро ба кӣ доданд?

Генерал Саламшоҳ Муҳаббатов, паҳлавони маъруф ва фармондеҳи собиқи мухолифин аз мақоми раиси Федератсияи гуштини озод ва юнониву румии Тоҷикистон барканор карда шудааст. Ба ҷои ӯ Музаффари Ҳикматулло раиси ин ташкилоти варзишӣ интихоб шудааст.

Шореҳони варзиш мегӯянд, ки  Федератсияи гуштини озоду юнонив румии Тоҷикистон дар давраи раҳбарии Саламшоҳ Муҳаббатов аз федератсияҳои комёб ба шумор мерафт ва Тоҷикистон дар ин навъҳои варзиш як медали нуқраи олимпӣ (Юсуф Абдусаломов), як унвони қаҳрамони Осиё ва чандин медали нуқраву биринҷӣ дар қаҳрамонии Осиёву ҷаҳонро ба даст оварда буд.

Генерал-майор Саламшоҳ Муҳаббатов 11 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Саламшоҳ Муҳаббатов дар даврони Шӯравӣ чемпиони Тоҷикистон дар навъҳои гуштиҳои ҷудо, самбо ва тоҷикӣ буд. Саламшоҳ Муҳаббатов ҳамин тавр, дар байни собиқадорон дар гуштии ҷудо як маротиба ва дар гӯштии самбо ду карат чемпиони ҷаҳон шудааст.

Саламшоҳ Муҳаббатов солҳои охир тарки мақомҳои давлатӣ карда, асосан дар зодгоҳаш – ноҳияи Ванҷ ба сар мебурд. Ягона мақоми боқимондаи ӯ ҳамин раҳбарии Федератсияи гуштии озод ва юнониву румӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *