Салим Раҳматшоев: хизматрасонӣ ба андозсупорандагон беҳтар мешавад
Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст.
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
Бино ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Раҳматшоев Салим Раҳмоналиевич, ба ҳолати 01.07.2022 дар маҷмуъ 5297 адад андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатномаи соҳибкорӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ) ва патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 824 адад андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад, 4470 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 241 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 924 адад ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунандае, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ) машғуланд, 2867 ададро ташкил медиҳад.
Нақшаи андозҳо
Дар 6 моҳи соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмии пешбинигардида ба андозаи 104 фоиз таъмин шудааст.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмуъ ба маблағи 57245425 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл иҷроиши он ба маблағи 59436223 сомонӣ таъмин гардидааст, ки ба андозаи 104,0 фоиз ва нисбати нақшаи пешбиншуда ба маблағи 2190798 сомонӣ андозҳо зиёд ба буҷет ворид карда шудаанд.
Маблағҳои воқеан ҷамъовардашудаи андозҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 6862285 сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияпулиҳои андоз
Дар Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бақияпулиҳои қарзи андозҳо ба ҳолати 01.07.2023 маблағи 8000276 сомониро ташкил медиҳад. Бақияпулиҳо нисбат ба аввали сол ба ҳолати 01.01.2023 ба маблағи 166485 сомонӣ кам гардидааст.
Бино ба иттилои сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Салим Раҳматшоев, бақияпулиҳои зиёди қарзи андозҳо асосан аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ, ташкилотҳо, МД ИДБЗО (РМА 330008849) ва корхонаҳои зертобеи он ба вуҷуд омада истодааст, ки дар натиҷаи шароитҳои молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон бақияпулиҳои қарзи андозҳоро бо пуррагӣ пардохт карда натавониста ва дар натиҷа ба иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет таъсири манфии худро расонида истодаанд.
— Дар давраи ҳисоботӣ нисбати 80 адад андозсупорандагони қарздори ноҳия огоҳинома ба маблағи 773454 сомонӣ ирсол карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 420026 сомонӣ андозҳо ба буҷет ворид карда шуда, дар самти кам намудани бақияпулиҳои андоз корҳои назоратӣ идома дошта, давра ба давра бақияпулиҳоро кам менамоем,- афзуд ӯ.
Салим Раҳматшоев изҳор дошт, ки “кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир меандешанд”.
М. АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ