Салимбойбача аз зиндон озод шуд

Салим Абдувалиев, ки бо лақаби Салимбойбача маъруф аст, соҳибкор ва яке аз соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Ӯзбекистон аз зиндон раҳо шудааст.

Ӯ ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд ва рӯзи 12-уми январи соли 2025 бинобар бад шудани вазъи саломатӣ аз зиндон озод шудааст.

Бино ба иттилои Kun.uz, Салим Абдувалиеви 75-сола дар аввали моҳи декабри соли 2023 бо гумони нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ боздошт ва барои шаш сол равонаи зиндон шуда буд. Ӯ қаблан дар мақоми муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон ва раиси Ассотсиатсияи куштии варзишии ин кишвар фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *