Салимзода Нусратулло ФАЙЗУЛЛО, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Зиндагинома. Салимзода Нусратулло Файзулло 4-уми феврали соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб. Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №5-и шаҳри Душанбе ҳамчун бародари шафқати шуъбаи ҷарроҳӣ оғоз намудааст.
Солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А. М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2008 то 12-уми январи соли 2017 вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Соли 2004 бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ