Салоҳиддин Раббонӣ: Амнияти минтақаву ҷаҳон ба нафъи ҳамагон аст

Феълан миёни ИМА ва «Толибон» гуфтугӯ идома дорад. Мо умедворем, ки ҳар чӣ зудтар шоҳиди баргузории музокироти мустақим миёни Афғонистон ва «Толибон» бошем.

Рӯзҳои 16 ва 17-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфуз  Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро вазири корҳои хориҷии ин кишвар Салоҳиддин Раббонӣ намояндагӣ мекард.  Дар рафти конфронс хабарнигори мо бо эшон ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

-Шумо дар конфронси мазкур иштирок ва суханронӣ намудед.  Лутфан бигӯед, ки натиҷаи ин ҳамоишро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

-Нахуст аз мардуми Тоҷикистон барои пазироии гарм ва аз шумо барои даъват ба мусоҳиба изҳори сипос менамоям. Конфронс, ки ибтикори олӣ ва баҷо буд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвари шумо сурат гирифт ва он ба мавзӯи муҳим ва бамавқеъ,  ки ба минтақа ва ҷаҳон иртибот дорад, бахшида шуда буд. Дақиқан, ба терроризм, ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир. Маълум аст, ки инҳо аз мушкилоте ҳастанд, ки  ба давлати хос,  мардуми хос ва дину оину фарҳанги хос маҳдуд нестанд ва мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд. Чун терроризм ва қочоқи маводи мухаддир мушкили фаромарзистанд, барои пешгирии он бояд роҳбурд ва стратегияе эҷод шаванд, ки бо ин муштарак мубориза барем, то ки муваффақ гардем. Биноан, дар конфронси дирӯз Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон,  ки муртакиби ин ҷашновора ҳастанд, барои пиёда намудани ин стратегия даъват ба амал оварданд, ки баҷост. Дар конфронс паёми мо рӯшан ва возеҳ буд. Мо ниёз дорем, ки ҳама кишварҳои минтақава  ҷаҳон, ки ба таҳдиди терроризм ва ифротгаройӣ мувоҷеҳанд, барномаи муштаракро рӯйи даст бигиранд. Хушбахтона, конфронс барои ин замина фароҳам овард, то ки  кишварҳои мухталиф бо ҳамдигар суҳбат кунанд ва ин барнома ҳар чӣ зудтар тарҳрезӣ шавад, то ин ки мо битавонем муштарак айлайҳи терроризм, ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир мубориза барем. Афғонистон ҳам пешниҳодоти худро барои қатъномаи конфронс ироа кард.  Мо умед дорем, ки муштарак муваффақ хоҳем шуд.

-Тамоми ҷаҳон бо терроризм мубориза мебарад, аммо он маҳв нашуда, балки ҳар чӣ бештар густариш меёбад. Аз нигоҳи шумо сабаби аслӣ дар чист?

-Мутаассифона, дар баъзе аз кишварҳо терроризм ба ҳайси обзор ё стратегия истифода мешавад ва ташфиқ мегардад. То ҳанӯз кишварҳое ҳастанд, ки терроризмро василаи сиёсати хориҷии худ медонанд ва аз он истифода мекунанд. То он замоне ки мо ба чунин натиҷае нарасем, ки набояд аз терроризм ба ҳайси обзори сиёсати хориҷӣ истифода кунем, мо дар амри муҳими худ муваффақ намешавем. Бинобар ин, муҳим аст, ки ҳама давлатҳо дарк кунад, субот ва амнияти минтақаву ҷаҳон ба нафъашон аст ва содиқона бо мо — бо кишварҳое, ки мутаассир аз терроризм ва ифротгаройӣ ҳастем, ҳамдаст шаванд, то ки якҷоя мубориза барем.

-Зимни ин сафар ҳамчунин, шумо бо мақомҳои олии Тоҷикистон мулоқот доштед. Бардоштатон аз ин мулоқоту суҳбатҳо чӣ гуна аст?

-Мақомҳои муҳтарами Тоҷикистон, ки бо эшон мулоқот доштем, ҳамаашон аз ҳимояву пуштибонии  мардуми Тоҷикистон аз талошҳои сулҳу субот дар Афғонистон гуфтанд. Мо ташаккур мекунем, аз Ҷаноби Раисҷумҳур, раиси парлумон ва ҳамаи дӯстони дигар, ки дар талошҳои сулҳ ва расидан ба Афғонистони босубот дар паҳлӯи мо буданашонро изҳор карданд. Дар ин суҳбатҳо қайд шуд, ки  сулҳи Афғонистон ба нафъи Тоҷикистон аст ва онҳо низ дар баробари мо талошҳои ҷиддӣ хоҳанд кард. Мо низ аз кумакҳои Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда,  дар мавриди ҷудо кардани бурсия барои таҳсили ҷавонони мо пешниҳодҳо намудем, ки матраҳ шуданд.

Мо изҳори сипос мекунем, ки теъдоде аз донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон ҳастанд ва баъди таҳсил ба кишвари худ баргашта, ба хидмати мардуми худ мепардозанд. Тоҷикистон кишвари дӯсту бародари мост, ки дар ҳамаи арсаҳо бо мо ҳамкор буданд ва ҳимояти худро ҷиддӣ эълон намудаанд.

-Шумо дар мавриди робитаҳои Тоҷикистону Афғонистон ёдовар шудед. Аз нигоҳи шумо айни замон дар кадом бахшҳо иртиботи мо қавӣ аст ва дар кадом сатҳҳо равобити мо тақвият мехоҳад?

-Мо кишварҳои дӯсту бародар ҳастем, ки ақидаи муштарак, фарҳанг ва таърихи муштарак дорем. Бинобар ин, дар арсаҳои мухталиф метавонем ҳамкор бошем. Дар мулоқотҳое ҳам, ки сурат гирифтанд, дар мавриди равобити бештари фарҳангӣ, илмӣ ва сиёсӣ суҳбатҳо шуд. Ман метавонам, итминон диҳам, ки алҳамдуллилоҳ, равобити мо хуб аст ва ҳамаи икониятҳо вуҷуд дорад, ки он бештар тақвият ёбад. На танҳо дар ин масоил, балки дар самти иқтисодиёт низ робитаҳои мо қавӣ мешавад.  Пружаи калони САSА — 1000, ки тавлиди инержӣ дар Осиёи Марказӣ ва интиқоли он ба тариқи Афғонистон ба ҷануби Осиё ва худи Афғонистонро дар назар дорад, пружае ҳаст, ки равобити иқтисодии минтақаро боз ҳам мустаҳкам мекунад. Роҳи оҳане, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба кишварҳои ҷануби Осиё мебарояд, иншооллоҳ, агар амалӣ шавад, мо ба таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ ноил мешавем, ки ба  нафъи мардуми минтақа ва Афғонистону  Тоҷикистон аст.

-Шумо нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризм ва нафъи онро дар раванди кунунии сулҳи Афғонистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Нақши мусбати Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон қобили қадр аст. Мо ҳамеша аз нақши мусбати кишвари шумо дар иртибот ба сулҳ ва амният истиқбол кардаем. Кӯшишу талоши мо ҳам ин аст, ки талошҳои сулҳи мо муваффақ шавад. Ҳамин тавр, мо ташаббуси ҳамаи кишварҳои дӯстро истиқбол мекунем. Шумо медонед, ки ИМА дӯст  ва ҳампаймони Афғонистон, ба хотири овардани сулҳу амният намояндаи хос таъин кардааст, ки ҷаноби Халилзод масъулияти ин пружаи сулҳро ба  дӯш дорад. Феълан миёни ИМА ва «Толибон» гуфтугӯ идома дорад. Мо умедворем, ки ҳар чӣ зудтар шоҳиди баргузории музокироти мустақим миёни Афғонистон ва «Толибон» бошем. Ин раванд на танҳо ба Афғонистон, балки ба тамоми минтақа кумак мекунад, зеро он ҳам барои ҷаҳон ва ҳам минтақа муҳим аст.  Хушбахтона, Тоҷикистон ҳамеша ба Афғонистон ҳамназар буда, талошҳои сулҳро  дастгирӣ мекунад.

-Вақтҳои охир ибораи таҳти моликияти худи афғонҳо будани раванди сулҳ бештар садо медиҳад. Шумо нисбати ин чӣ назар доред ва нақши созмонҳои ҷаҳониро дар раванди сулҳи Афғонистон чӣ гуна дидан мехоҳед?

-Сулҳ ба муваффақият замоне мерасад, ки он бо моликият ва роҳбарии афғонҳо бошад. Ин чӣ маънӣ дорад? Яъне афғон бо афғон бинишинанд ва мушкилашонро ҳал кунанд ва атрофи мушкилоташон суҳбат намоянд. Хоҳиши давлати Афғонистон ҳам ҳамин буда, ки иқдомоти кишварҳои ҳамсоя ва дӯст, барои раванди сулҳ ва расидан ба субот натиҷа бидиҳад. Мо аз талошҳои ИМА ва кишварҳои минтақа барои оромӣ ҳимоя мекунем. Талошҳои мо бояд тақвияти сулҳе бошад, ки дар ҳимояи Афғонистон қарор гирад. Таъкиди мо ин аст, ки  пружаҳои сулҳхоҳ ҷудо-ҷудо набошанд, яъне ҳар раванд дар ҳар гӯша, ҷудо пеш наравад, балки дар якҷоягӣ барои расидан ба ҳадафи муайян талош кунем, ки барои тақвияти сулҳ мусоидат кунад.  

-15 май дар Афғонистон интихоботи парлумонӣ поён ёфт ва 28 сентябр омодагӣ ба интихоботи президентӣ оғоз меёбад. Ин дар ҳолест, ки даргирии ҳукумат бо «Толибон» ва ДИИШ-иёни навпайдошуда идома дорад, аз ҷониби дигар масъалаи сулҳ аз тарафи «Толибон» дида намешавад. Дар чунин шароит тасвири шумо аз ояндаи Афғонистон ва амнияти ин кишвар чӣ гуна аст?

-Интихобот ва пружаи сулҳ ду чизи ҷудо аст, аммо  метавонад ҳамзамон ҳар ду пеш равад. Ҳеҷ яке аз инҳо монеи дигаре нахоҳад шуд. Ба ин маъно, ки гуфтугӯҳо ва музокиротҳо дар масири сулҳ ҳеҷ вақт монеи баргузории интихоб намешавад ва интихобот ҳам монеи сулҳ нест. Мувофиқи Қонуни асосии Афғонистон интихобот бояд баргузор шавад, роҳбарияти сиёсӣ аз тарафи раъйи мустақили мардум интихоб гардад.  Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон омодагиҳои худро гирифта,  интизорем, ки дар вақти таъиншуда интихобот баргузор хоҳад шуд. 

-Ҷаноби Раббонӣ, барои вақт ҷудо карда, бо мо ҳамсухбат шуданатон ба шумо изҳори сипос менамоем.

Мусоҳиб

Б. НОЗИРДУХТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *